Шанбегии умумӣ дар ДКМТ

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон шанбегии умумӣ гузаронида шуд, ки дар он кормандон ва омӯзгорон ширкат варзида, гирду атроф ва кӯчаҳои шафати хиёбони марказии шаҳри Бӯстон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар манотиқи мутааллиқ ба донишкадаро тозаву озода намуда, хазон ва дигар партовҳо аз майдону хиёбон поккорӣ намуданд.

Тозаву озода ва ободу хуррам нигоҳ доштани донишкада, хиёбонҳои атрофи он, ки дар маркази шаҳри Бӯстон ҷойгир аст, имрӯз як навъ василаи ҳамовозӣ ба 300 рӯзи зарбдор ва ободкориву созандагӣ маҳсуб ёфта, бори дигар масъулиятшиносӣ ва садоқатмандии корманд ва омӯзгорони донишкадаро ифода мекунад.

Шуъбаи иттилоот