ШАБЧАРОҒИ БАЗМИ НАВРУЗӢ ДАР ДОНИШКАДА

 

Имрӯз, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода дар тантанаҳои идонаи наврӯзии омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ширкат намуд. Нахуст роҳбари шаҳр аз хаймаҳои омоданамуда дидан намуд. 
Баъдан раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода кулли донишҷӯёну устодонро бо фарорасии иди байналмилалии Наврӯз таҳният гуфт. 
Ректори Донишкада Мухтор Фозилзода низ кулли донишҷӯёну устодонро бо фарорасии ин санаи фархунда таҳният гуфт.
Дар фазои тантанавӣ ба як қатор устодону донишҷӯён, ки ба тозагӣ ба сафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва сипосномаҳои раёсати Донишкада тақдим карда шуд. 
Барномаи рангини ҳунарӣ ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.Ш