ЧӢ ТАВР БАДКОРОН ТЕРРОРИСТ МЕШАВАНД?!

Ҷаҳон имрӯз дар шароити тағйир ёфтан аст, равандҳову падидаҳои номатлуб аз ҳар ҷониб бар фарҳангу тамаддуни миллатҳо хатар эҷод мекунад, касе гуфта наметавонад, ки имрӯз ё фардо кадом қавму қабила ва кадом забон аз байн меравад. Ҳар лаҳза хатар башариятро  таҳдид мекунад. Пайдошавии бемориҳои гуногун ва паҳннамоии вирусҳои мухталиф аз ташхисгоҳҳои пинҳонии қудратхоҳон аллакай нишон аз паст рафтани шуури ҷамъиятӣ мебошад.

Дигар тарафи масъала ин аст, ки имрӯзҳо дар баробари ин падидаҳои номатлуб боз зуҳури гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротиву инсонбадбин ҷаҳонро тиратар сохтааст. Худи ҳамин зуҳури ТТЭ ҲНИ дар кишвар дидем, ки чӣ қадар зарару зиён ва талафоти ҷонӣ ба ҷо гузошт ва амсоли ҳамин гурӯҳҳову ташкилотҳо хеле зиёд аст, ки кунун дар Сирияву Афғонистон ва Яману соири кишҳварҳо нооромӣ ба вуҷуд меоранду ба қони инсоният ҷабр намуд. Пас инро чаро гурӯҳҳои инсон бадбин нагӯем?

Ё чаро ин ҳама раванди номатлубро хатар бар ҷони башарият наномем?

Худи ҳамин амалу рафтори  наҳзатиён, ки бештар аз ҷониби созмонҳои хориҷӣ ва давлатҳои ба мо маълум сармоягузорӣ мешаванд, ки гувоҳ бар он аст, ки таҳдиди махсус бар ҷони инсоният мебошаду дигар қудратхоҳон бар сарвату сарватҳои табиӣ чашм ало кардаанд.

Шояд дар ин масъала бо мо кам касон розӣ бошанд, аммо ҳамин қадар гуфта метавонам, ки чӣ тавр як вируси ҷонгир тавонист аз ташхисгоҳ берун биҷаҳаду ҷаҳонро дар ташвиш гузорад?

Чаро пас аз сар шудани ин пандемияи нав қабл аз ҳама аъзоёни ТТЭ ҲНИ бар ҷомеа ҳамла намуданду хостанд ҷомеаро бо эҷоди тарсу ҳарос ва воҳима дар кунҷи мазлумияту яъсу ноумедӣ ҷой диҳанд?

Маълум аст, ки як барномаи бузурги қудратхоҳон амалӣ мегардаду имрӯзҳо ин наҳзатиёни хоин ва хоинбачаҳо ҳам дар пайи гумроҳ кардани ҷомеа гардидаанд, тог бештар ҳамлаҳои равонӣ анҷом диҳанду ҷомеаро аввал дилхаставу ноумед гардонанд. Шояд ин вабо имрӯз ё фардо аз байн равад ё роҳи наҷоташ пайдо гардад, аммо он рӯз наҳзатиёни иғвобарангез ва дасисабоз чӣ хоҳанд гуфт?

Дар ҳақиқат маълум мешавад, ки душмани инсоният махсусан наҳзатиён вақте дар ҳамин муҳити душманӣ ба воя расидааст, дигар тобу тоқати дидани як лаҳза саодати инсониро надорад ва виҷдонаш ҳам азоб намедиҳад, ки ӯ чӣ хатаре бар башарият дорад? Як сухани ноҷо ва сухани нодурусти душман дар шароити вазнин барои  ҷамъият  зарар меоварад, лек наҳзатиёни манфур ва палид аз ин ҳам даст накашиданду талош карданд, то дар ҳамин шароити вазнину душвор ба мардум ҳамла намоянд, иғвобарангезӣ кунанд, ки фирк мекунам аз дида хиёнати бузургтаре нест.

Ҳамин аст сирату сифат ва аъмоли зишти наҳзатиён, ки асло раҳму шафқат бар инсоният надоранд ва фақат бар дурӯғ талош мекунанд мардумро фиреб диҳанду ҷомеаро гумроҳ гардонанду ҳадафҳои хоҷагони хориҷияшонро амалӣ гардонанд.

М. Абдусаломов

коршиноси масоили ҷамъиятӣ