ЧОҲ КАН ЗЕРИ ЧОҲ!

Офтобро бо доман пӯшида намешавад. Ҳамаи он рафтору кирдорҳои разилонаи Муҳаммадиқболи Садриддин ё дар асл чеҳраи воқеии ин нохалаф тариқи филми мустанади “Бешарафӣ” намоиш дода шуд. Дар ҳақиқат ҳолати гирифторшавии Муҳаммадиқболи Садриддин бевосита аз тарафи падараш Садриддинов  Қаландар, ки яке аз роҳбарони ҳизби наҳзатӣ буд. Падараш дар ҳамон вақтҳо мутасадии наҳзатиҳо дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон оиди тақсимоти кумаки башардӯстона ба муҳоҷирон буд. Ин нохалаф ва беномус, ки ба тоҷик гуфтан даҳон намеравад писари ноболиғи худ Муҳаммадиқболро ба шайхи афғон барои тарбия гирифтан месупорад.

Чихеле, ки дар филмнома дидем ин шайхи беномус Муҳаммадиқболро ба “бачабозӣ” гирифтор намуда, боз дигар қумандонҳои афғон ҳамчун зан истифода бурданд.    

Афсӯс, ки мусулмонии мо ба мисли падари ин чеҳраи манфури хоин Мухаммадиқболи Садриддин маъруф бо номи Садриддинов  Каландар ба шаъни ин дини пок чи қадарҳо иснодҳо овардааст. Наход ҳаққи ятимеро, ҳақки муҳочиреро як бурда ноне, ки Худованд насиб гардонидааст ба бандаи мӯҳтоҷи худ ту онро аз худ куни……… 

Магар дар дини поки ислом чунин раво аст. Таълими бади ин падари мунофиқ сабаб гардид, ки фарзандаш чунин тарбия ёбад. Чи хеле мегӯянд аз шағол рафтони шеронаро умедвор шудан ғайри имкон аст.

Мо кормандони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷиикистон рафтори разилонаи ин падари манфурро ҳамаҷониба маҳкум намуда, баҳри тарбияи насли наврас ва донишҷӯён кӯшишу заҳмат намуда, ҷовононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия менамоем.

Холбоев Р.Я.    омӯзгори ДКМТ