Чорабинӣ бахшида ба 110-солгаии Мирзо Турсунзода дар донишкада бо ширкати ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 110-солагии қаҳрамони миллат, шоири маъруфи тоҷик Мирзо Турсунзода чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ширкат намуда, суханронӣ намуданд.
Чорабинии имрӯзаро, ки аз ҷониби кафедраи математикаи олӣ ва информатика дар ҳамбастагӣ бо кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ баргузор гардид, омӯзгори кафедра Холова Фахриниссо ровигӣ намуд.
Дар чорабинӣ ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки хизматҳои шоири бузурги миллати тоҷик Мирзо Турсунзода дар барқрор намудани дӯстӣ байни миллатҳои Осиё ва бедор намудани хештаншиносӣ басо бузург аст ва ҳамин аст, ки дар баъзе кишварҳои олам Мирзо Турсунзодаро ҳамчун сафири сулҳ мешиносанду эътироф менамоянд. М. Турсунзода барои баланд бардоштани авзои иҷтимоӣ ва ҳамчунин баҳри равнақ ёфтани соҳаи адабиёт шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки имрӯз ҷаҳон ононро ҳамчун шоиру адабиётшинос ва нависандаву драматург мешиносад.
Дар чорабинии имрӯза ҳамзамон дотсентон Иззатуллоев Рафтор ва Атоева Кибриёхон низ ширкат варзида, суханронӣ намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ донишҷӯён аз ашъори Мирзо Турсунзода қироат намуда, чорабиниро рангин гардониданд.
М. Сайидзода