ХУДШИНОСИИ ҶАВОНОН – РУШДИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

 

Омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳувияти милли, сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин неруи муттаҳид будани насли ҷавон маҳсуб меёбад.

         Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз оромии ҷомеа вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттиҳоди ҷавонон асоси он ба шумор рафта, муҳимияти он дар камоли иҷтимоии шахс махсус аст. Ҷавонон неруи бузург дар ҳар давру замони пешрафти миллат дониста шуда, «ҷавононро ояндасози ҷомеа» меноманд. Ҷавонон дар меҳвари ҳама гуна тағйироту табаддулоти равандҳои ҷомеа, неруи маркази маҳсуб ёфта, дар таърихи ҷомеа низ нақши муассир доранд.

         Аз оғоз то имрузи соҳибистиқлолии Ҷумхурии Тоҷикистон баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ, саҳмгирии ҷавонон бараъло эхсос мегардад. Дар ин робита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд мекунанд, ки «Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро омузанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имруза огоҳ бошанд. Таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ  зананд ва аз Ватан, миллат забон  ва фарҳанги  худ  ифтихор намоянд,»

         Эълон гардидани «Соли 2017- соли ҷавонон» имкони бештар барои рушди ҷавонони кишвар, ифодаи истеъдод ва қобилиятҳоро муҳаё намуд ва дар ин замина эҳсоси   Ватандустӣ, худшиносӣ ва ғурури миллӣ, то дараҷае боло гирифт. Дар «Соли 2018-соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар соли 2019 низ «соли рушди сайёхӣ ва рушди деҳот» имкони тақвиятбахшии фаъолиятҳои дар соли пешгузашта амалишуда идома ёфта, заминаи воқеии рушди фарҳангӣ-маърифатӣ, ки рукни қавигардонии худшиносии  милли дар ҷавонон мебошад, ба вуҷуд овард.

         Дастоварди муҳими истиқлолияти давлатӣ барои ҷавонон ин он аст, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, ба хусус, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба ин кишри бонуфузи ҷомеа мунтазам меафзояд. Ба қавли Сарвари мамлакат «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои Ватандустиву Ватанпарасти мебошад».

         Дар сиёсати давлати сиёсати ҷавонон  самти афзалиятнок дониста шуда,  дар қатори масъалаҳои стратегии давлати ва амнияти миллии кишвар масъалаҳои ҷавонон дар самти иҷтимои ва иқтисоди махсус аст. Насли наврас аз кабили ҷараёни демографи ва муҳофизати ҷавонон, сатҳи саводнокии ҳуқуқи ва сиёси, танзими оила, афзудани иллатҳои нашъамандӣ, зуроварӣ дар байни ҷавонон мавриди таҳлилу омузиши ҷиддӣ қарор диҳем.

         Қишри асосии ҷомеаро дар руҳияи ватанпарастиву худшиносӣ ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ чавонони сохибмаърифат пойдор медоранд. Ҷавонон  ҳамчун  пешбарандаи  ояндаи  миллат  ва  давлат,  ҳифз  ва  талқин   намудани  фарҳанг,  тамаддун  ва арзишҳои   миллию  анъанавӣ  дар  байни  имрузу  ояндаи  ҷомеа                     саҳмгузорад  ва  дар   пешбурди  ҷомеа   иштироки  фаъол  мекунанд.

 Гарчанде, ки ҷавонон қувваи бузург шуда метавонанд, вале ин қувваро танҳо дар ягонаги ва ҳамроҳ будан пайдо кардан мумкин аст. Бинобарин, ин андешаву хулосаҳо моро водор мекунад, ки боз ҳам ҳамкориву ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба хотири беҳбудии вазъи ҷавонони имруз, ки фардои миллат аз онҳо вобастаги дорад, тараққи бидиҳем. Таълиму тарбияти ҷавонон дар руҳияи меҳанпарвари, илму фархангдустӣ ва арзишҳои демократи бояд дар ҳукумат ва ҷомеа диққати аввалиндараҷа дошта бошад.

Пас аҳамияти ҷидди зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди  падидаи нанговари  ҷомеаи имруза-терроризм ва ифротгарои маҳсуб меёбад.

Хуллас, ҷавонон идомадиҳанда ва посдорандаи арзишҳои инсони мебошанд, ки бар ин васила рисолати ояндаи ҷомеа аз онҳо вобастагӣ дорад. Умуман, шахси ҷавон қувваи зиёди ҷисмонӣ ва маънавӣ дорад, мувофиқан захираи асосии зеҳни ва меҳнати буда ба ҳама дигаргуниҳои ҳаёт тобовар мебошад. Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти  давлату ҷомеа ва сарчашмаи ташаббусҳо ҳастанд.

Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳайёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди миллат дар ҳар давру замон аст. Ваҳдат на танҳо мардумро сарҷамъ кард, балки имкон фароҳам овард, ки ҷавонон озодона аз пайи илму донишандузи шаванд. Ин Вахдат аст, ки комёбиҳои нав ба навро ҷавонон  дар сиёсат, иктисод, фарҳанг ва  варзиш ба  даст  меоранд  ва  бо  ин  номи  кишвари  азизамонро дар  арсаи байналхалқи боло  мекунанд, Имрӯз,  ҷаҳон   дар  марҳилаи ҷаҳоншави  қарор  дорад, ки  он  дар тараққиёту  пешрафти дунё нақши  бузург  дорад.

Ҷавононро зарур аст, ки бо донишу заковати хеш Ваҳдати  миллиро   аз  ҳар  гуна равандҳои номатлуб  эмин  доранд, то ки  ба  насли  оянда  Ваҳдати  пойдор  боқи монад.

Хуҷамов Ш.

Омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва информатика