ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро дорад. Рӯз аз рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

         Хатари терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ аксари мамлакатҳои дунёро нигарон намуда, мардуми зиёди осоиштаро сарсону саргардон карда, ба як масъалаи асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити имрӯза пайваста тағийр меёбад, эҳтимолияти халалдор гардидани амнияту субот дар баъзе кишварҳо вуҷуд дорад. Бояд қайд намуд, ки решаҳои ин вабои аср хеле амиқ буда, фаъолияту муборизаи онҳо характери сиёсӣ дошта, бо шаклҳои гуногун идомаю амалӣ мегарданд, ки боиси харобию кӯштор ва фирорӣ гардидани мардуми зиёди сайёра гардидаааст.

         Аз ин лиҳоз, хоинони тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо низ ноорому гумроҳ сохтани сокинони мамлакат алалхусус, ҷавононро бо бор кардани фарҳангу мазҳаби бегона пешгирифта, аз тамоми воситаҳои муосир аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ васеъ истифода бурда истодаанд. Дар ҷаҳони муосир афзоиши ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгароӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ Тоҷикистон аз ин воқеаҳо дар канор набуда, мубориза бар зидди ин амалро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои зиёдеро амалӣ намудааст.

         Фаъолияти ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ, фаъол гардида, барои амалигардонии ҳадафи худ аз технологияи навини иттилоотии пешрафта истифода намуда, бо роҳи тафсири дурӯғини сарчашмаҳои динӣ дар тафаккури баъзе шаҳрвандони сустирода, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ андешаҳои тундгароиро ҷой намуда, онҳоро ба қатлу куштор, тезутунд гардонидани вазъи сиёсӣ, халалдор сохтани суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногуни дунё ташвиқу таҳриқ намуда истодаанд.

         Аз ин хотир, ҳар яки мо зиёиёнро зарур аст, ки мунтазам маърифати ҳуқуқии ҷавононро тақвият бахшида, онҳоро дар руҳияи нафрату адолат нисбат ба терроризм ва экстремизм тарбия намоем.

 

  Туев Ш.                              

 мудири кафедраи математикаи

 олӣ ва информатика