ФОРМУЛАИ СУЛҲ. Ва ё баҳра гирифтан аз ин мактаби Пешвои миллат бар нафъи сиёсатмадорону ҷавонони ояндасоз хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳонро шахсиятҳои бузург ва дорои истеъдоди фитрӣ метавонанд ба низом дароранд ва сулҳро ба вуҷуд оваранд. Намунаи барҷастаи он талошу ҷоннисориҳои Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки бо роҳбарии ин абармарди сиёсат Тоҷикистони ҷангзада ба давлати рў ба инкишоф табдил ёфта, аҳолиашро зиндагии орому осоишта насиб гардид. Нақш, ҷойгоҳ, мақом ва манзалати Тоҷикистон феълан дар сиёсати ҷаҳонӣ бо шарофати ташаббусҳои ҷаҳониву башардӯстонаи Сарвари давлат устувору қавӣ аст, ки мояи ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ гардидааст. Чунин таълиф намудааст дар мақолааш бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Давлатмаҳмад Давлатов.

Дар идома муаллиф чунин ибрози назар намудааст:

-Тавре гуфтем, дар ҷаҳони муосир бозиҳои гуногуни сиёсӣ амалӣ мешаванд, ки ин ҳам метавонад ба давлатҳои миллӣ таъсир расонад. Аз ин лиҳоз, пайваста омӯхтан ва ҳамеша ҳушёр будану зиракии сиёсӣ доштан хеле муҳим ва кафолати дарку ҳолат ва иқдоме барои пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб ва найранги душманон мебошад.

Набояд фаромўш кард, ки маҳз формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ наҷот дода шуд.

Расул Ғамзатов, адиби оламшумули доғистонӣ роҷеъ ба формулаи сулҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳори назар намуда буд: «…Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Точикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд — Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги шаҳрвандиро ёбад».

Ҳанӯз хеле барвақт собиқ котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Анан таҷрибаи сулҳу оштии тоҷиконро дида, таъкид намуда буд, ки «Тоҷикистон ба аксари кишварҳои дигар мисоли беназири ҳалли низоъҳои дохилиро тақдим намуд. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳофаринӣ мебошад».

Ҳамчунин ин нуктаро ҳам бояд таъкид намуд, ки роҳи сулҳ ё худ ҳамон формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмонро мо бояд ба насли ҷавон омӯзонем ва ин мактаби бузурги сиёсиро дар қалбу равони хеш ҷой диҳем.

Дарвоқеъ, таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон метавонад барои ҳалли низоъҳо имрӯз ҳам дар бештари нукоти ҷаҳон истифода шавад, ки беназир ва натиҷадиҳанда мебошад. Ва ҳамзамон санҷидашуда аст. Воқеан, корномаи сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби комилан ҷадиди давлатдории навин мебошад ва баҳра гирифтан аз ин мактаб бар нафъи сиёсатмадорону ҷавонони ояндасоз хоҳад буд.

Бо расидан ба ваҳдати миллӣ, миллат дубора умеду орзу намуд, дилҳои яхгашта, сардшуда дубора бар зиндагӣ гарм шуданд. Аз баракати ваҳдат аст, ки мо ҳоло озодона зиндагӣ менамоем ва аз ҳаёти шоиста лаззат мебарем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба баракати ваҳдат ва оромию субот чунин изҳори андеша намуда буданд: “Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама, тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем”.

Оре, ин вазифаи ҷонии мо аст, ки ин неъмати бузургро ҳифз намоем ва ҳар яке дар ҷойгоҳи хеш мунодии сулҳу ваҳдат бошем. Арзишҳои бузурги миллиро қадр намоем, тоҷикиятро фаромӯш насозему онро таблиғ намоем.

Ғурури миллӣ бояд дошта бошем, то он ҳама ҳикмати давлати миллиро дарк ва саодатмандона зиндагӣ намоем. Он чӣ имрӯз моро муттаҳид сохтааст, ин ваҳдат аст, ин ҳамдилӣ ва ормони воҳиди миллии мо аст, ки ин ҳама бо шарофат ва даъвату худгузарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Сарвари давлати мо тавонистанд, ки фарҳанги бузург, давлатдорӣ, анъана ва он ҳама одати миллии тоҷиконро эҳё созанд ва тоҷиконро бо оини гузаштагонашон шиносонанд. Хидматҳои ин абармарди арсаи сиёсат ва олами хирад барои зинда намудани давлатдории тоҷикон, ғурури миллӣ ва забони миллӣ бениҳоят бузург ва сутуданиянд.

Аз ин рӯ, насли ҷавонро зарур аст, ки барои пешрафт, бақои давлати миллӣ аз мактаби бузурги сулҳофаринии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар баҳра гиранд ва омӯзанд, ки ин самти роҳнамо ва роҳкушо барои миллат аст.

Давлатмаҳмад ДАВЛАТОВ,
Раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
номзади илмҳои техникӣ

АКС: АМИТ «Ховар»