Баргузории чорабинии сиёсӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада

Имрӯз, дар толори Шурои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи конҳои канданиҳои фоиданоки факултети корҳои кӯҳӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ бо ширкати омӯзгорону кормандон баргузор гардид. Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлудахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба рӯзи муборак ва таърихӣ суханронӣ карда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки дар фурсати кӯтоҳе мо ба даствовардҳои беназир ва бузург ноил гардидем, ки дар он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҳам бузург мебошад. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки миллатро аз парокандагӣ наҷот дода, ҷомеаро ба ҳам оварданд ва арзишҳои фарҳангиву миллии моро ҳифз намуданд, ки ин кори саҳлу сода нест. Талошҳои Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими истиқлолият ва муаррифии қудрати миллат дар арсаи ҷаҳонӣ басе бузург ҳастанд ва ҳамин аст, ки аксарият ин муваффақияти тоҷикон ва ҷонфидоии Сарвари маҳбуби ҷумҳуриро тавсиф менамоянд.

Ҳамчунин, мавсуф дар мавриди зиракии сиёсӣ ва ватандӯстӣ сухан ронда, ҷавононро ба омӯхтани илму дониш ва меҳандӯстӣ даъват намуд.
Сипас, дар чорабинии имрӯза сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём дар мавзӯи “Президенти мо- ифтмхори мо” суханронӣ намуда, дар мавриди нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули ҳуввияти миллӣ басо бузург арзёбӣ намуд.
Дар интиҳои чорабинӣ донишҷӯён маърӯзаҳо намуда, ҳамзамон дар бораи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шеърҳо қироат намуданд.
Шуъбаи иттилоот