ФИЛМИ “ХИЁНАТ” ХИЁНАТИ МУЗДУРОНИ ТТЭ ҲНИ-РО ОШКОР КАРД

Дар ҳақиқат ҷаҳони муосир имрӯз хеле пеш рафтаасту имкониятҳо фароҳам омадаанд, аммо як иддае ҳастанд, ки муқобили пешрафт ва шукуфоии кишвари мо фаъолият мебаранду побанди аннъанаҳои куҳан боқӣ мондаанд. Яке аз чунин гурӯҳҳои инсонбадбин ва  душманнасақ ин ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки аъзоёнаш пайваста дар нияту мақсади зарару зиён расонидан бар миллат ва ҷумҳурии мо мебошанд.  Наҳзатиёни инсонбадбин ва террорист ба хотири душмани варзидан бар миллати тоҷик бо чандин созмонҳои террористӣ аҳд бастаанду роҳбаронаш низ аз мактаби онҳо гузаштаанд.

Ҳамин аст, ки аз ҷониби як қатор эҷодкорони меҳандӯст филми “Хиёнат” ба навор гирифта шуд, ки дар бораи аъмоли зишт ва пинҳони раис ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ, хиёнатҳои наҳзатиён, фаъолиятҳои террористии онон қисса мекунад. Филми мазкур аз 3 қисмат иборат буда, бештар барои ошкор намудани чеҳраи аслии аъзоёну роҳбарони ТТЭ ҲНИ талош кардааст ва далелу арқомеро бозёфт намудааст, ки то ба имрӯз аз назари мардум пинҳон буд. Яъне, то кунун дар кишвар фаъолиятҳои пасипардагии наҳзатиён он қадар равшан набуд ва ҳатто аъзоёни ТТЭ ҲНИ ин масъаларо пинҳон медоштанд, лек дар филми мустанади “Хиёнат” дар ин масъала ошкоро ибрози андеша намудаанд, ки барои ҷомеа донистани ин далелҳо хеле муҳим мебошад.  Зеро дар шинохти наҳзатиён мардум шурӯъ аз солҳои 90-ум иштибоҳ карда буд ва хушбахтона имрӯз миллат медонад, ки наҳзатиёни табоҳкор ва террорист кистанду барои кадом хоҷаашон кор мекунанд?!

Дар филми мазкур роҷеъ ба дороиҳо ва хиёнатҳои раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ сухан меравад, ки воқеан ҳам хоин ва носипосу ватанфурӯш буданаш исбот мешавад. Ҳамчунин дар бораи рӯзноманигорони зархаридгардида дар ин филм бо исботу далелҳо сухан рафтааст, ки донистани ин барои ҷомеа хеле зарурист. Умуман агар бигӯем, ки филми “Хиёнат” чеҳраи аслии душманони миллатро ошкор намуду парда аз фаъолиятҳои зишти наҳзатиён бардошт хато нахоҳад буд.

Дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” хиёнаткориву, душмании наҳзатиён бар миллат ошкоро исбот карда шудааст, ки пас аз дидани он ҳар як ватандӯст метавонад баҳои худро бар душманони миллат бидиҳаду хати сиёҳ бар рӯи раис ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ бикашад.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ