Тарғибу ташвиқ дар ноҳияи Спитамен

Дирӯз, омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ барои тарғибу ташвиқи ихтисосҳои донишкада ва мулоқоту машваратҳо бо донишҷӯён ба макотиби миёнаи ноҳияи Спитамен сафарбар шуданд.

Ҳини мулоқоту вохӯриҳо омӯзгорон ба хатмкунандагони макотиби миёна ва умумӣ аз афзалиятҳо ва имкониятҳои донишкада суҳбат намуда, бартарии интихоби рамзи донишкадаро ташреҳ доданд.

Ёдовар мешавем, ки омӯзгорон дар ин рӯз аз 7 макотиби миёнаи таҳсилоти умумӣ дидан намуда,  қарор аст, то рӯзҳои наздик бо ҳама хатмкунандагони ин ноҳия мулоқоту машварат хоҳанд намуд.