ФАЛАК АЗ ДАСТИ ФАРЗАНДОНИ БАДНИҲОД МЕНОЛАД

Аввали солҳои 90-уми асри гузашта чунин вазъият ба амал омад, ки як қатор гурӯҳҳову созмонҳо ба таври ошкоро зуҳур намуданд ва ин ё ин идеологияро пуштибони мекарданду тарафдории худро эълон медоштанд. Дар миёни ин гурӯҳҳо исломгароён ва ё худ ба ном исломгароёне низ буданд, ки мавқеи худро ҳамчун ҳомиёни дину мазҳаб муаррифӣ мекарданд ва намедонам бо кадом сабабҳое ҳизберо низ бо номи “ҲНИ” сабти ном намуданд ва фаъолияти пинҳонии худро зери барномаҳои мазҳабиву динӣ пинҳон медоштанд.

Он солҳо барои ҷомеаи суннатии тоҷик, ки нав аз зиндони озоди Иттиҳоди Шӯравӣ  нафаси озод мекашид ва қадамҳои нахустинашро дар фазои озодиву мстақилият мегузошт, наҳзатиён бо маблағҳову фалсафаи дурӯғи худ ин мардумро фиреб дода ба думболи худ бурданд ва пас аз оне, ки барномаи аввали худ” гумроҳсозии миллат”-ро  бомуваффақ анҷом доданд аз пайи амали намудани мақсадҳои нопоки худ гардида, дар як муддати кӯтоҳ  тавонистанд, ки кишварро ба коми оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бикашанд.

Албатта, ҳамон гуна, ки маълум гардид, аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ ин ҳизби наҳзати террористиро Ҷумҳурии исломии Эрон сарпарастӣ менамудааст ва маҳз бо дастгириву барномарезии хадамоти махсуси ҶИЭ наҳзатиён дар кишвар амалҳои террористиро содир намудаанд ва ин маълумотҳо дертар ба таври комил ошкор гардид. Ҳарчанд то чанд вақт наҳзатиёни палид ин робитаашонро пинҳон медоштанд ва худро ҳомии дину мазҳаб муаррифӣ менамуданд.

Аммо воқеиятҳо чунин вонамуд сохт ва ё ба тарзи дигар гӯем чунин бармало сохт, ки ҳақиқати ТТЭ ҲНИ ошкор гардид ва аз парда аз чеҳраи манфури наҳзатиёни террорист бардошта шуд ва маълум гардид, ки дар калимасозии номи ташкилоти террористӣ ислом ҳамчун ибораи ёрирасон ва гумроҳсозанда истифодашудаасту хаслос. Зеро наҳзатиёни палид калимаи исломро маҳз ба хотири зудтар шуҳратёр гардиданд ва ба боварии мардум даромадан истифода намудаанду хасло.

Куштори садҳо рӯзноманигорону аҳли фарҳанг ва зиёиён аз ҷониби наҳзатиёни палид маҳз ба хотири ошкор нагардидани ҳамин асрорашон будааст, ки имрӯзҳо ба таври олӣ фош карда шуд. Он замон наҳзатиён пинҳон медоштанд мақсади аслияшонро ва худро ҳамчун ҳизби қонунӣ муаррифӣ менамуданду халос. Вақте ба маълумотҳои мақомот менигарем ва мебинем, ки пас аз ба даст овардани сулҳ аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз соли 1997 то соли 2016 зиёда аз 30 амали террористӣ дар қаламрави кишвар содир намудаанд, ки ин душмании ошкорои ин тоифаи наҳзатиро бар алайҳи миллат нишон медиҳад.

Ин танҳо фаъолияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар чанд соли охир мебошад, ки маҳз ба хотири пулу мол шуда ин палидон ба чунин амалҳо даст задаанд ва бар зидди миллати худ мубориза бурда, бар душмани худ кӯмак намудаанд, ки аз ин дида хиёнати бузург нест.

Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки ташкилкунандагонаш ҳамин наҳзатиёни палид буданд, зиёда аз 150 ҳазор нафар ҷон бохт ва даҳҳо миллиард зарари моддӣ ба иқтисоди кишвар расонида шуд, ҳамааш маҳз бо дасти ҳамин наҳзатиёни ба ном “мусалмон” содир гардидааст.

Пас ин ҷо суоле ба миён меояд, ки агар ҳомиёни ислом ба чунин хиёнат даст зананд, аз бединон чиро бояд интизор шуд?

Дар ҳоле, ки дини мубини исломи куштор ва хиёнату разолатро маҳкум менамояд, вале наҳзатиёни палид бар алайҳи ҳамаи ин гуфта баромад менамоянд, ки аз ниқобӣ будани ин тоифаи бадкеш шаҳодат медиҳад.

Зеро ҳамон гуна, ки маълум аст дар чанд соли охир маҳз ба хотири анҷом додани супориши хоҷагони хориҷияшон наҳзатиёни палид фаъолият бурда, мехоҳанд ҷавононро гумроҳ намуда, боз ҳамон нақшаи солҳои 90-умро такрор намоянд. Зеро ба ин на танҳо худи наҳзатиён манфиатдор ҳастанд, балки хоҷагони хориҷияшон низ тарафдор ҳастанд.

Аз ин лиҳоз, ҷавононро лозим меояд, ки вобаста ба ин масъала эҳтиёткор бошанд ва зиракии сиёсияшонро аз даст надиҳанд, то фирефтаи ин хоинон ва душманони миллат нагарданд. Зеро дар урфият мегӯянд, ки душман дар ниқоби дӯст меояд…

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ