Ту худ фиребхӯрдаи ҳизби кистӣ?

Гумроҳшавии ҷавонон ва ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомилшавии онҳо ба вабои аср табдил ёфта истодааст. Ин мисли беморӣ паҳн шудаи стода ҷавононро ба коми марг фурӯ мебарад. Аҳли ҷомеаро мебоист, ки бонги хатар зада сарҷамъона бар зидди ин вабо мубориза баранд.

         Сабабҳои асосии ба ин гуруҳҳо пайвастани шаҳрвандон, хусусан ноболиғон ва ҷавонон паст будани маърифати ҳуқуқӣ, динӣ, ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар кори таълиму тарбия дар оила ва ҷомеа мебошад. Хусусан, беназорат мондани ҷавонон, истифодаи ғайримақсадноки расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабабҳои дигаре мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна наворҳои махсус ва сабтҳои таблиғотии шахсони алоҳида ва зархаридони хориҷиро паҳн менамоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мақсади бархе аз одамон ва ҳизби асосии ин ҳизби мамнўъ гардидаи ҲНИ бо сарпарастони хориҷиаш пеш аз ҳама гумроҳ кардани ҷомеа, коштани тухми низоъ бо истифода аз номи поки дини Ислом ба шумор меравад.

Онҳо зери ниқоби дини мубини Ислом худро ҳамчун ғамхори халқ нишон медоданд. Баъдан маълум шуд, ки самти фаъолияти ин ҳизб бо сарварии аҳли раёсаташ, ҳаммаслакони хориҷиаш беғараз набуда танҳо ҳимояи як гуруҳи муайянро таъмин менамуд.

Барои ба ин ниятҳои нопок ноил гардидан роҳу равишҳои навро ҷустуҷў менамуданд. Мақсади асосии ин ҳизб ноором гардонидани вазъи сиёсӣ дар кишвар мебошад.

Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади ҳар як ҳизби сиёсӣ ин дар доираи қонунҳои амалкунандаи он кишвар ба даст овардани ҳокимият мебошад. Собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ дар ба амал баровардани мақсаду ҳадафҳои худ нақшаи мукаммал ва манфиатовар барои ҷомеъа пайдо накард ва рӯз ба рӯз обрӯ ва эътибори худро дар ҷомеа аз даст медод. Маҳз баъди ноком шудан дар муборизаҳои сиёсӣ ва ба боди фано рафтани маблағҳои зиёди пуштибонони хориҷии ҳизб, сарварони он дастур гирифтанд, ки имконияти охиринашонро истифода баранд, яъне бо роҳи низомӣ ҳокимиятро ғасб намоянд. Хушбахтона дар муҳлати кӯтоҳ ҳадафи душман барбод дода, гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон безарар гардонида шуд.

Мо аҳли зиё бояд мардумро ба якдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва сулҳи устувор даъват намоем. Таҳти принсипҳои созанда, ки рушди минбаъдаи ҳар як давлатро нишон медиҳанд кору фаъолият барем. Ҷомеаи имрўзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд.

         Мо шаҳрвандони бо нангу номуси Тољикистон баҳри пешравӣ ва гул гулшукуфии Ватани азизамон саҳмгузор бошем. Нагузорем, ки бори дигар мардуми тоҷик ба вартаи бесару сомониҳо рў ба рў гардад. Барои ин ҳамеша дўстдор ва нигаҳбонӣ ҳар ваҷаб замини ин меҳани биҳиштосо бошем.

Хулоса мардуми Тоҷикистон то кадом андоза муҳим будани ҳифзи давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёду шаҳрвандиро медонанд. Фаҳмидаанд, ки зиндагии хушу босаодат танҳо дар натиҷаи татбиқи сиёсати созандаю ободкорона, рушди илму техникаи муосир ва раҳо ёфтан аз таъсири ҳар гуна неруҳои динӣ – сиёсии бегонапарастӣ ба даст меояд. 

Сайидои Насафӣ мефармояд:

Ором чун сипанд надорӣ ба ҳеҷ ҷой,

Эй офтоб, сӯхтаи рӯи кистӣ?

Сар дар пайи ғазоли ту доранд оҳувон,

Ту худ фиребхӯрдаи оҳуи кистӣ?

 

                                                                                                                                               Мастура Валиева  ,

                                                                                                   Мудири шуъбаи аспирантура ва магистратураи  

                                                                                                     Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон