ТТЭ ҲНИ ТАШКИЛКУНАНДАИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта,  аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар созмонҳои террористии хориҷ аз кишвар пинҳонӣ дарс гирифта фурсат меҷустанд, то замни муноси фаро расаду нақшаву ниятҳои нопоки худ амалӣ созанд. Аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо супориши хоҷагони хориҷияш тактикаву усули гумроҳсозии ҷомеаро кор бурда, ҳамон солҳо аз номи ислом ба манфиати худ истифода менамуданду худро донандаи хуби дин муаррифӣ карда, ба мардум ҳар гуна фатвоҳо медоданд.

Наҳзатиён дар солҳои 90-ум низ ҳамин амалашонро идома дода, талош мекарданд, то ҷомеаро ба гумроҳӣ баранду мардумро фиреб диҳанд. Онҳо ҳатто ба хотири ба майдонҳо баромадани мардум шиор мепартофтанд, “касе ба майдон намераваду эътироз намекунад, кофар аст” ва ҳамин аст, ки мардум ба майдонҳо трехтанду эътирозҳо идома пайдо кард ва сипас оташи ҷанги шаҳрванди аланга зад, ки дар саршавии он сарбозони аз хориҷ овардаи ТТЭ ҲНИ аз сафи созмонҳои террористии “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҳизби таҳрир”, “Ал-қоида”  саҳм доранд, ки бар алайҳи аҳолии осоишта тир мекушоданду бераҳмона сокинони бегуҳи кишварро ба қатл мерасониданд.  Ҳамин буд, ки зиёда аз 160 ҳазор сокинони бегуноҳ дар ҷанги шаҳрвандии ташкилкардаи наҳзатиён қурбон гардидаанд, ки хуни ҳамаи онҳо дар гардани наҳзатиёни террорист мебошад.

Ҷомеа аз аввал аз нақшаву нияти наҳзатиён огоҳ набуд ва ҳамин аст, ки наҳзатиён ҳам дар зери ниқоб баромад намуда, динро ҳадаф қарор дода, нақшаву барномаҳои хоҷагони хориҷияшонро амалӣ менамуданду бар алайҳи миллати тоҷик мубориза намуд.

Ҳамин буд, ки ба кишвар хисори бузург расиду иқтисодиёти кишвар фалаҷ гардиду имкониятҳоли истеҳсолӣ аз байн рафтанду миллат зиллат кашиду анқариб хатари пора-пора шудани кишвари тоҷикон ба вуҷуд омада буд ва нақшаи аслии наҳзатиёни манфур низ ҳамин буд.

Хушбахтона ин ҳама хориву залилии миллати тоҷик дер давом накарду бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат дубора соҳиби зиндагии осоишта ва чархаи иқтисодии кишвар дубора ба кор даромад, ки имрӯз шароити зисту зиндагонӣ хеле беҳтар гардидаасту тоҷикон соҳибдавлатанд.

Аммо як чизро набояд фаромӯш сохт, ки мақсади аслии хоҷагони хориҷии наҳзатиён маҳз пора-пора кардани кишвар буд ва хушбахтона пеши роҳи ин лоиҳа гирифта шуду наҳзатиёни террорист ба мақсад нарасиданд.

Имрӯз, миллати тоҷик бо сари баланд ва истиқлолу озодиҳояш меболаду дар кишвари амну осоишта ба сар мебарад, ки инро бахти баргашта аз дӯзахи ташкилкардаи наҳзатиён меноманд. Яъне, аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо ташкили ҷанги шаҳрвандӣ кишварро ба маркази хунрезиву низоъ ва даҳшат табдил дода буданд, ки он рӯзҳорои даҳшатнок барои ҷомеаро  дӯзах номидан хато ҳам нахоҳад буд. Лек имрӯз хушбахтона Тоҷикистон ба як биҳишт мубаддал гардидааст, ки дар он саҳми Роҳбари далват хеле бузург мебошад.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ