ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ ДАР НИҚОБИ НАВ

Тавре, ки маълум аст дар чандин даҳсолаи охир фаъолияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ густариш ёфта ин тоифаи бадкешу бадгавҳар ва хоину малъун ба хотири хиёнат намудан ба Ватан ва миллати тоҷик аз хоҷагони хориҷияшон маблағ гирифта, барои гумроҳсозии миллат кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд ва сад дар сад бовар дорам, ки пас аз ошкор шудани чеҳраи воқеии ин наҳзатиёни палид, мардум ҳатман хулосаи зарурие дар бораи ин тоифа хоҳад баровард.

Зеро шурӯъ аз солҳои 90-уми асри гузашта аъзоёни ин ҳизби террористӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ ва хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон фаъолияти густардаро ба роҳ монда дар ин давра садҳо амалҳои террористиро содир намудаанд. Танҳо аз соли 1997 то соли 2016 аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 30 амали террористиро содир намудаанд, ки ин дар таърих собиқа надорад.

Ҳамчунин ин наҳзатиёни палид дар ҳамкорӣ бо хоҷагони хориҷияшон ва созмонҳои ба ном мазҳабии террористӣ солҳои 90-уми асри гузашат дар қаламрави кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро оғоз намуданд, ки ба миллат зарбаи бузурге буд ва ҳамон вақт мақсади ин палидони наҳзатӣ несту нобуд кардани миллати тоҷик ва ба қисматҳо тақсим намудани Ватани азизамон буд.  Ҳоло бошад, пас аз ошкор шудани воқеияти ин наҳзатиён ва эълон гардидани ҲНИ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ аъзоёни ин ҳизби террористӣ бо роҳбари палиди он Кабирии малъун ба хориҷи кишвар паноҳ бурда аз ҳамон ҷо мустақиман аз ҷониби хоҷагонашон сармоягузорӣ ва ҳимоят мешаванд.

Аммо ин интиҳои кор набуда, наҳзатиёни палиду касиф ва разилу бадкеш ба хотири гумроҳ намудани миллати тоҷик дар шабакаи ҷаҳонии интернет якчанд сомонаи интернетии худро таъсис намудаанд, ки тариқи он ҳар рӯз барои паст намудани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва гумроҳ намудани миллат матлабу ахбори бардурӯғ ва иғвобарангезро нашр менамоянд.

Ҳамзамон ин наҳзатиёни лаин ва гумроҳу баднафсу шикампарвар барои пинҳон намудани чеҳраи манфури худ ва гурехтан аз гуноҳҳои кардаи худ дар Аврупо Ташкилоти террористӣ-экстремистии Паймони миллиро таъсиси додаанд, ки мустақиман аз ҷониби хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон таъмини молиявӣ карда мешавад ва ин ташкилоти террористии зиддимиллӣ ҳам мақсадаш гумроҳ намудан ва фиреб додану сарсон сохтани сокинони кишвар мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин ташкилоти террористии нави наҳзатиён ниқоби нави ин манфурон ва аждаҳонафсону пулпарастону ғуломтабиатони  буда, бо ҳамин роҳ кабирии палид мехоҳад дар миёни ҷавонон ҳаводор пайдо намуда,  стратегияи хоинонаи  зиддимиллии худро амалӣ созад.  Агар ба таври дигар гӯем хар ҳамон хару ҷуллу туқумаш нав.

Умедворам, ки ҷавонон ва насли огоҳи миллат аз ин найрангу макри хоинонаи кабирии палиду авбош ва террорист огоҳ гардида, барои фиретф нагардидани ҳамсолони худ, бетарафиро ихтиёр наменамоянд.

Зеро ин кабирии фоҳишасирату ғуломтабиат барои гумроҳ сохтани мардум ва болида гардонидани табъи хоҷагонашу ба даст овардани маблағ аз ягон роҳи шайтонӣ даст намекашад.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ