Терроризм ҳамчун мушкилоти глобалии замони муосир

Терроризм ин як мушкили иҷтимоиии гуногунҷанба мебошад. Падидаи терроризм дар замони муосир тавонистааст, ки ба зеҳн ва қалби одамони тамоми сайёра амиқ роҳ ёбад.
Дар айни замон, мубориза бо терроризм яке аз мушкилоти ҷаҳонии башарият дар баробари муноқишаҳои минтақавӣ, офатҳои экологӣ ва гуруснагӣ дар минтақаҳои камбизоати ҷаҳон ба шумор меравад. Мутаассифона, ягон давлат ё миллат аз амали террористӣ эмин нест. Одамон дар хонаҳои худ, дар ҷойҳои корӣ, дар нақлиёт, дар ҷойҳои истироҳат мемиранд. Марги ноаёни маккорона мардон ва занон, пиронсолон ва кӯдаконро бо худ мебарад.
Проблемаи терроризм дар шароити муосир омӯзиши ҷиддии назариявиро дар асоси қонунгузории нави мурофиавии ҷиноятӣ ва таҳияи тавсияҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокро барои беҳтар кардани ин ҷанбаи муҳими фаъолият тақозо менамояд. Пешгӯии намудҳо, шаклҳои зуҳур, оқибатҳои он ва мувофиқан муборизаи бар зидди он амалан номумкин аст. Вай ба тағиротҳои ҷомеа хеле ҳассос аст ва ба онҳо мутобиқ шуда, чунин шаклҳоро мегирад, ки фарқ кардани ӯ аз дигар амалҳои муташаккили ҷиноӣ душвор аст.
Ҷиноятҳои террористӣ, сарфи назар аз таърихи тӯлонии худ, ҳоло дар асл падидаи комилан нав шудаанд.
Дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки терроризм “шакли шадиди ифодаи эътирози иҷтимоӣ алайҳи низоми мавҷуда аст.”
Сиёсати давлатии мубориза бо терроризм бояд дар самтҳои муҳимтарин амалӣ карда шавад:
таърифи возеҳи моҳияти падида ва мафҳуми “терроризм” дар муқоиса бо дигар шаклҳои зӯроварӣ;
таҳлили амиқ ва таснифи илмии зуҳуроти гуногуни терроризм бо муайян кардани хусусиятҳои онҳо;
таҳияи заминаи ҷиддии ҳуқуқии мубориза бо терроризм дар самти оштинопазир ва пурзӯр кардани таҳримҳо на танҳо дар соҳаи қонунгузории дохилӣ, балки байналмилалӣ.

Мирсаидова Фирӯза

Омӯзгори ДКМТ