Терроризм ва экстремизм

Мубриза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад, ки онро дар асоси қонунҳои дар ин самт қабулшуда ва тавассути мақомоти дахлдор анҷом медиҳанд. Терроризму экстремизм ҷузъе аз сиёсати абарқудратҳост, ки барои амалисозии ҳадафҳои худ ва ҳамчун тиҷорати бузург дар кишварҳои аз ҷиҳати табии сарватманд анҷом медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андешидани тадбирҳои зарурӣ заминаҳои ҳуқуқиву амалиро барои мубориза бар зидди терроризму экстремизм ҳамаҷониба фароҳам овардааст. Бахусус, қабул ва мавриди амал қарор додани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” собитгарии гуфтаҳои болоианд. Бо мақсади пурзӯр намудани муқовимат бо омилҳои мазкур якчанд стратегия, консепсия ва барномаҳои дахлдори давлатӣ қабул ва амалӣ гардидаанд.
Тоҷикистон имрӯз иқдидори комили мубориза бо ҳаракатҳои ифротиро дорад, аммо бо мақсади аз байн бурдани хавфу хатарҳои эҳтимолии амалҳои террористӣ, таъмини пурраи амнияту суботи кишвар ва ҳифзи тартибот, ҳамкориҳои пайвастаи мақомоти марбута бо аҳолӣ аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Сатҳи баланди маърифатнокии аҳолӣ шароит фароҳам меорад,ки шарҳвандон, пеш аз ҳама аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути қонун, дастрасӣ дошта бошанд,ки ҷиҳати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, солим нигоҳ доштани мафкураи аҳолӣ ва аз байн бурдани хавфу хатари терроризму эктремизм мусоидат менамояд.
Дар ин самт нақши ҷавонон ниҳоят бузург аст, чунки қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва нерӯи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд. Аз ҷониби дигар сафи гурӯҳҳои ифротиву иртиҷоиро низ аксаран ҷавонон ташкил медиҳанд,чун қувваи тавоно ва манфиатовар дониста мешаванд. Тақвияти ҳамкориҳо бо насли ҷавон,ташаккули эҳсоси мақсад гузоштан дар замири онҳо ,тарбияи ҷавонони соҳибистедоду донишманд, ба назари эътибор гирифтани таклифу пешниҳоди онҳо ва мусоидат дар амалисозии ташаббусҳои созандаи ҷавонон аз тадбирҳое мебошанд ки барои баланд бардоштани эҳсоси ватандустӣ, худшиносии миллӣ ва аз амалҳои ғайриқонунӣ дур кардани ҷавонон мусоидат намуда, ҳамзамон,онҳоро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди трроризму экстремизм ҳамчун ҳомиёни Ватан тарбия менамояд.
Вақти он расидааст,ки дар навбати аввал чорабиниҳои профилактикиро ба талаботи замони муосир мутобиқ сохта, баргузор намудани корҳои ташвиқотиро минъбад аз маркази шаҳру шаҳракҳо ба ноҳияву деҳаҳои дурдаст таҳвил дода, корро бештар дар миёни нафарони аз таҳсил дурмонда,шахсони фориғбол ва муваққатан бекор ба роҳ монем.
Нақши аҳолӣ аз ҳар ҷиҳат дар самти пешгирии терроризму экстремизм ва бартарафсозии оқибатҳои ногувори он, махсусан оид ба ошкор кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва шахсони ҷиноятпеша, пешгирии ҳодисаҳои нохуши тереррористӣ, аз роҳи бад баргардонидани ҷавонон, муҳофизати Ватан ва арзишҳои миллӣ, таъмини амният, ҳимояи манфиатҳои давлат бениҳоят муҳим, зарурӣ ва ҳалкунанда мебошад.

Омӯзгори калони кафедраи фанҳои умумитехникӣ,
Аълочии маориф ва илми ҶТ
Маҳмудова С. С.