ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕА

Имрӯз терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии мубрами рӯз буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо  нафароне ба ҳисоб мераванд , ки онҳо пешрави сулҳу ороми ва пешрафти ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд.

Дар замони муосир сафи террористон аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми нопоки ҷалб кардагон  қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун омили гумроҳшави ва шомилшави ин ҷавонон ба ҳисоб меравад..

Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фарогатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни накдиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати чудоихохӣ, ифротгароӣ ва игвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

Ифратгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифратгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «ҳизб-ут-таҳрир», «ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби набудани ҷойи корӣ аксарият дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мебошад.

Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.

Моро зарур аст ,ки  ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайрави намуда,  барои ҳифзи ин марзи муқаддас якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омода бошем  ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгири намоем .

Ва дар назди худ мақсад гузорем ,ки дар таълиму тарбияи ҷавонон саҳм гузорем .Дар қалби  ҷавонон ҳисси баланда миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро ташаккул диҳем.

Чунки ҷавонон дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири тақкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, вахдати миллӣ, сулху субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.

Саксанова Н.А

омӯзгори кафедраи экология