ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҲДИД БАР НАСЛИ БАШАР

Афкори ҷамъиятӣ имрӯз ба дараҷае бо пайдо шудани шароит ва имкониятҳои техникӣ боло рафтааст, ки дар он пайдо шудани ҳар гуна ангезаи худпарастӣ ва яккахоҳиро низ дидан мумкин аст. Баъзан афроди соҳибмаълумот ва дорои дониши замонавӣ ба масъалаҳову таҳдидҳои замони муосир таваҷҷуҳ намуда, пайдо шудани гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ-экстремистиро масъалаи ҷиддӣ барои ҷаҳони имрӯз меҳисобанд.

Ҳатто худи ҳамин соҳибмаълумот намудани ҷавонон ва огоҳ намудани онҳо аз хатарҳову таҳдидҳои имрӯзӣ ба насли башар аз вазифаҳои аслӣ ва муҳим арзёбӣ мешавад. Он чӣ имрӯз бар насли башар вомехӯрад ва бар зидди ҳаёти осоиштаву босубот баромад мекунад, ки як бахши азими хатар бар сайёра мебошад.

Дар ҷомеаи яке аз масъалаҳои муҳим ин мавзӯи Ватану ватанпарастӣ ва ҳифзи якпорчагии қаламрави кишвар ба ҳисоб меравад. Аз замони пайдоиши давлат ва ҳанӯз қаблтар аз он ҳатто инсонҳои ибтидоӣ бошгоҳ ва қаламраверо, ки дар он ба сар мебурданд мавриди ҳифз ва ҳимоят қарор медонанд. Кӯшиш менамуданд, ҳамин қисмате, ки ба онҳо тааллуқ дошт аз дасти душманон ва нафароне, ки ба он бо назари соҳиб шудан менигаристанд, мавриди бархӯрд қарор мегирифт. Зина ба зина, бо болоравии фарҳанги башарӣ дигаршавии арзишҳо ва ба як ҷузъи зиндагонии инсонӣ табдил ёфтани онҳо арзиши Ватану ватандӯстӣ ба як арзиш меҳварии башарият табдил ёфт. Номуси ватандорӣ ватандӯстӣ ин ба ватан бо меҳр ва аз сидқу дил содиқона хизмат кардан, барои халқи худ,барои ватан ҷони худро дареғ надоштан мебошад, ки имрӯз ҳам ҷавонон бояд дар масъалаи ватандӯстӣ ва миллатдӯстӣ саҳми худро гузоранд ва ҳифзи арзишҳои муқаддасро вазифаи аслии хеш бишморанд.

Масъалаи бисёр ҳам нигаронкунанда ин зиёд шудани сафи гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ мебошад, ки бисёр ҳам нигаронкунанда мебошад ва аз ҷониби дигар як мушкилоти ҳалношуда боқӣ мондааст.   

Қайд кардан ба маврид аст, ки омӯзиши саривақтии ин мушкилот имконияти истифодаи чораҳои пешгирикунӣ ва роҳ надодан ба амалҳои террористиро таъмин менамояд. Имрӯз замоне расидааст ,ки Вазорати маориф ва илм дар андешаи тарбияи равоншиноси соҳибкасб ва ботаҷриба бошад . Агар мо хоҳем бо терроризм ва экстремизм мубориза барем, бояд ин масъаларо аввалиндараҷа ҳисоб намоем, зеро терроризм хатарест, ки ҳастии инсониятро зери суол бурдааст . Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки бештар ҷавонон, ки яке қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аксаран ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд. Ин гурӯҳҳо барои истифодаи қувваи бузурги ҷавонон тамоми роҳу тадбирҳоро меандешанд, то онҳоро фирефтаи доми худ созанд. Аз ин рӯ зарур ва ҳатмист, ки дар ин самт тадбирҳо ба маротиб бояд пурзӯр гардонида шавад ва ҷавонон аз ҳар ҷиҳат бояд зиракии сиёсии худро ҳифз намуда, бар алайҳи ҳама падидаҳои манфӣ ва номатлуб мубориза баранд.

Омӯзиши масъалаҳои терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои аслии ҷомеа буда, барои бартараф намудани он ва сар задани омилҳои монанд ба ин гуна падидаҳои номатлуб ҷомеа бояд бо мақомот дар якҷоягӣ ҳамкорӣ кунанд ва якдилона мубориза баранд, то гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва созмонҳои чапгаро маҳв карда шаванд. Имрӯз ТТЭ ҲНИ яке аз чунин созмонҳои террористӣ мебошад, ки анқариб бо ҳамаи созмонҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ ҳамкорӣ   менамояд ва ин як хатари бузург бар ҷомеа мебошад.

Некварз Маҳмудзода

омӯзгори ДКМТ