ТЕРРОРИЗМ ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН

Яке аз масъалаҳои замони муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ ин хатари минтақавию байналмилалиро ба пеш овардааст, ин раванди ифротгароӣ ва терроризм ба ҳисоб меравад. Агар мо ба харитаи ҷаҳон назар афканем, мебинем, ки дар ҳамаи қитъаҳои олам раванди терроризм ва ифротгарои тамоми паҳншавиро дорад.

         Имрӯз дар раванди тунд гардидани ҳолати кунуни сиёсии ҷаҳон ва аз нав тақсим намудани бойгариҳои ҷаҳон мамлакатҳои абарқудрат бо роҳи ноором сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ истифода менамоянд. Албатта, онҳое, ки мегӯянд экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) падидаҳое мебошанд, инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқуранд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрӯзҳо дар арсаи байналмиллалӣ мақом ва манзалати хоса дорад. Баҳри таҳкимёбии ҳокимияти конститутсионӣ амалӣ намудани ғояҳои демократӣ чун меҳвари асосӣ ҳисобида мешавад. Дар Тоҷикистон ба озодии виҷдон,  озодии шаффофияти он пурра дар зери назорати давлат қарор дорад.

Айни замон шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Диндорони мутаассиб супориши хоҷагони хориҷии худро сармашқи фаъолият намуда, ақидаҳои бегонаи динӣ-мазҳабиро бо арзишҳои миллӣ махлут намуда, динро аз миллат ва манфиати он боло гузоштанд. Тоҷикистони нав истиқлол гаштаро ба сӯи ҷаҳолат – ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Шомил гардидани бархе аз ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав ва даст задании онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.

         Ҷавонони кишварамон бояд зираку ҳушёр бошанд, муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро ҳифз намоянд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати куҳанбунёди ҳазорҳо солҳо ранҷида аз дасти бегонагон аз ин дастовардҳову музаффариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст омадааст, маҳрум гардад.

Таҳдиди рўзафзуни экстрезими байналмилалӣ ва гароиши  ҷавонон ба гурўҳҳои ирфотгаро ҳар фарди ҷомеаро водор месозад, ки дар ин масъала бепарво набошад. Тероризми байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун хатари асосии арзишҳои инсонӣ ва амнияти умумиҷаҳонӣ эътироф шудааст. Тероризм ва экстремизм дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон дар зери ниқоби арзишҳои динии бебунёд паҳн шуда истодааст, ки ин хатари калони иҷтимоӣ дорад ва ба амнияти кишаварҳои гуногун бевосита таҳдид карда истодааст.

Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ кишвари мо низ истисно нест. Тероризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмоннӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, Ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Тероризм ва ирфотгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон натанҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Экстеримизм аз калимаи фаронсавии *extremist* ва лотинии *extemus* гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона аз ҳад гузаштанро дорад. Экстеремист касест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

         Экстремизм аз рўи мазмун динӣ ва дунявӣ аз рўи зуҳурот ҳудуди минтақавӣ ва байналмиллалӣ шуда метавонад. Зуҳуроти ифротгароӣ хеле решадор буда, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягонтмиллатро эътироф намекунад. Ифротгароии дунявӣ намудҳои сиёсӣ иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад. Ифротгароёни динӣ бошанд дар доираи ҳамаи динҳо (ислом, насронӣ, масеҳӣ, буддоӣ ва ғайра) мавҷуд аст. Вусъати экстремизм дар ояндаи фаъолият ба терроризм оварда мерасонад. Калимаи редикализм лотинӣ *radix* гирифта шуда маънои *реша*- ро дорад. Радикализм ҳамчун истилоҳ маҷмўи андешаҳои ҳаракатҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ аст, ки мақсади дигаргун кардан, аз беху сарнагун кардани институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дорад.          Радикалҳо дигаргунҳои фаврӣ ва қатъи ворид нашуданро, ҳатто бо роҳи зўрӣ дуруст мешуморанд. Асосан ақидаҳои радикалӣ дар давлатҳое пайдо мешаванд, ки давраи гузаришро аз сар мегузаронанд. Онҳо ҳама вақт бо сохти сиёсии мавҷуда дар мубориза буда, саъю кўшиш менамоянд, ки авҷеро дар дохили ҷомеъа ноором сосанд. Онҳо мақсадҳои худро бо роҳҳои расонидани иттилооти иғвоангезанда, ташкили бесарусомониҳо, тавқвият додани бўиҷтимои бо роҳи ба амал овардани норозигии мардум, фишор овардан ба ҳокимияти сиёсӣ ва пешниҳод кардани фикру андешаҳои * нав* ва ғайра.

Имрўзҳо ташкилоту ҳизбҳои сиёсие ҳастанд, ки кўшиш мекунанд мақсаду мааром. Ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо рафтору кирдори вайронкоронаи худ амалӣ намоянд. Ифротгароӣ одатан ҳамчун ғоя, идеология ва сиёсат, ҳамчун зуҳурот ҳамон вақт ба ҷиноят табдил меёбад, ки дар он усули нашшавӣ ба мақсад, роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ бо роҳи зўрӣ ё усулитеррор интихоб карда шавад. Ифротгароие, ки дар соҳаи сиёсии ҳаёти давлат ва ва ҷомеа ба миён меояд, сиёсӣ ва ифротгароие, ки дар дин ба вуҷуд меояд ифротгароии динӣ номида мешавад. Яке  аз хусусусияти ифротгароии динӣ муосир дар он аст, ки аксари кули пайравонаш саводи мукаммали динӣ надоранд.  

         Онҳо фақат бо як фаҳмиши маҳдуду зоҳирӣ аз имоммусолеҳ буда, аз асли таъминоти исломӣ, аз ҷамбаъҳои маънавию рўҳонӣ ва аз фалсавию илмҳои сиёсӣ умуман баҳраманд нестанд. Онҳо аз арзишҳои хуби инсонӣ таҳаммул, некиву накукорӣ, тақвою парҳез, раҳму шавқат, озодиву озодагӣ, илму маърифат, фарҳангу маънавият, созандагию ободонӣ ва ғайра, ки ҷавҳари таъминоти исломиро ташкил мекунанд, дурр мебошанд, дур мебошанд, рўҳия ва амали онҳо бештар ба ҳолати хушунату иғогароӣ, ваҳшоният наздик аст, ҳамаи ин хусусиятҳои ба ифротгароёни ҳозира хос мебошад, ва бо ҳар роҳ ба мақсаду мароми зишти худ пеш шудан мехоҳанд. Тероризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асври бисуяк табдил ёфтааст.

         Таҳлили вазъияти кишварҳои доғиҷаҳон ва минтақа нишон медиҳад, ки бетарафӣ ва дар кори мубориза бар зиддӣ ифротгароӣ ва шаклҳои гуногуни зуҳури он аз қабили зўроварӣ, тундгароӣ ва даҳшаткашӣ хилофи арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Ифротгароӣ минтақаҳои беш аз пеши ҷаҳони муосирро фаро мегирад ва тарзу усули ғоявӣ ва амалии воқеъпазирии он чи аз ҷиҳати идеологӣ ҳарбӣ мутҳиштарин ва хатарноктар мегардад. Ҳадафҳои қатлу куштори онҳо на фақат сарбозон ва корман6дони давлатӣ, балки пеш аз ҳама, занону кўдакон ва намояндагони дину маҳзабҳои ғайр қарор гирифтанд. Террористон ва ифротгароён манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва иғвоангезанда на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд шуда истодааст.

         Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ дар аксарияти кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳамин гунна ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо пайдо шуданд, ки мақсади онзаиф намудани пояҳои давлатдорӣ ва коштани тухми низову нифоқ дар ҷомеа ва ноором сохтани вазъи сиёсии он мебошад. Чунин амали экстремизм аст, ки дар аксар маврид он ба ихтилофу ҷудоандозӣ, дўшманӣ, нооромӣ дар ҷомеа ва баъзан ба оқибатҳои фоҷиаангез оварда мерасонад. Мубориза ба муқобили чунин падидаҳои хатарноки асри 21 аз вазифаҳои мубрами кормандони илму фарҳанги дунявӣ ва ходимони намоёни дини муосир маҳсуб мешавад. Дар давраи ҳозира терроризм дар шаклҳои гуногун зуҳур мешавад: Инфизор намудани фурудгоҳҳо, ҷойҳои серодам, барҳам додан ва валангор намудани объектҳои махсусан муҳими стратегӣ, бо роҳи зўрӣ гаравгон гирифтани одамон, дар зеҳни мардум ворид кардани тарсу ваҳм ва нобоварӣ ба фардои ҳаёти осоишта , таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ ва ғайра.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан терроризм ва экстремизми диниро маҳкум менамояд. Имрўз мебояд ба гурўҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз тарафи баъзе аз кишварҳои абадқудрат созмон дода шуда, маблағгузорӣ карда мешавад. Бо истифода аз дини мубини Ислом, ки айни покиву таҳаммулгароист ба амалҳои иғвоангезӣ ва террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор ва ноором месозанд, бояд муборизаи оштинопазир бурд.

         Пас аз пош хўрдани собиқ ИҶШС (СССР) ва ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон, замоне ки ҷумҳуриҳои дигар дар ҳоли тақсими мероси аз Шўравбозмонда ва таҳкими давлатдориашон буданд, ТТЭ ҲНИ бо такия ба дастури хоҷагони хориҷиашон барои бо роҳи зўрӣ ба даст оварданиҳокимият ба набарди мусаллаҳона даст зад ва ҳукумати конститутсиониро дар соли 1992 ғасб намуда, кишварро ба майдони ҷанг ва қатлу ғорат, куштор тартиб дод. Дар як фурсати кўтоҳ, дар натиҷаи ин амали нангиги ҲНИ, ҳокимият дар саросари Тоҷикистон фалаҷ гардид, миллат пароканда шуд ва вуҷуди ягонагии кишварамон ба ҳайси давлат зери савол монд. ТТЭ ҲНИ 4 – уми декабри соли 1991 дар хориҷи мамлакат , боиси таасуф аст, ки баъзе аз ҳамватанони мо бо ташвиқу тарғиб ва кўмаки хориҷиён, шахсони номаълум барои ноором кардани вазъияти дохилии кишвар иштирок намуда, задухўрдҳои мусаллаҳонаро  амалӣ карда, ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидайн ва аҳли байти хешро дар назди халқу миллат сархаму шарманда месозад. Яке аз сабабҳои ба ин гурўҳҳои тундрав шомил гаштани мардум, алалхусус ҷавонон ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва ба пуррагӣ нафаҳмидани дин аст.

Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутаи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд. Паст будани савияи дониши қисми муайяни ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷироти меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, боиси фириста шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз амалҳои муборизаи муваффақона бар зидди ин вабои ас рва боздоштани шомилшавӣ минбаъдаи ҷавонони Тоҷикистон ба ин гурўҳҳои иффротӣ метавонанд тарбияи ҷавонони воқеан босавод ва бомаърифат бошад.

Мардуми тоҷик солшҳои навадум оқибатҳои экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида барои роҳ надодан ба ин ақидаҳои ифротгароёна роҳ намедиҳанд. Дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандўстӣ, инсондўстӣ дида дигар қувваи бузурге нест. Пеши ин даҳшати асрро фақат ҳамкории аҳли илму маърифат, волидайн ва уламои дин гирфта метавонанд. Яке аз сабабҳои ба гурўҳҳои ифротию тундгарои исломӣ пайвастани ҷавонони тоҷик ба омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, бекорӣ, корупсия вобаста мебошад. Инчунин, дур будани ҷавонон аз маърифати исломӣ ё бесаводии динӣ, яъне надонистани  асолати исломӣ, суннатӣ, инчунин таблиғоти шадиди гурўҳҳои ифротӣ тавассути васоити ахбори омма, хусусан шабакаи интернетист, ки ин таблиғот ба муқобили арзишҳои маънавӣ ва динии мардум нигаронида шудааст. Бояд ҳар як шаҳрванд зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои ифротгароёна намешаванд, терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайвастан хато аст. Ҳарчанд аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз дин истифода намуда, ҷавононро гумроҳ карданӣ мешванад, ки ин хиёнат аст.

Раҳимов Ҷ.Ҷ.

ассистенти кафедраи Сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ