ТЕРРОРИЗМ – ВАБОИ АСР

Терроризм якранг нест, доимо дар тағйир аст. Рӯз то рӯз инкишоф меёбад, васеъ паҳн мешавад. Рӯ ба ифротгароӣ овардани ҷавонони имрӯза шояд вазъи иқтисодӣ, корруптсия, паст будани сатҳи зиндагии мардум, бекорӣ, фиреб, надонистани қонун, бесаводӣ, хурофотпарастӣ, дониши пасти сиёсӣ, надоштани таҳсилоти олӣ ва дигар омилҳо мебошад. Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро меандашад, то пеши роҳи ифротгароиро гирад. Зеро ки ҳоло ҳам равияҳои ифротгароӣ ба монанди ҲИУ, Ансоруллоҳ,  Ҳизб – ул – таҳрир, Таблиғ, Салафия, Ҷундуллоҳ дар ҳудуди Осиёи  Миёна хавфи калон дорад. Идеологияи онҳо пурра хурофот буда, аз оддитарин меъёри ахлоқи волои исломӣ фарсахҳо дуранд. Зеро ки мувофиқи талаботҳои дини мубини Ислом рехтани хуни ноҳақ ҳаром аст. Пас онҳо чи гунна мусалмоне ҳастанд, ки бо ин гуна бераҳмӣ, ки дар ақлу шууру инсон тасвирнопазир аст, одамонро ба қатл мерасонанд.     

         Бояд ҷомеаи мо ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни ҳазорсолаҳои худ такя намуда, барои пешгирии хатарҳои нави ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва дигар падидаҳои номатлуб, ки ба сулҳу амният ва суботи ҷомеа таҳдид менамояд, воқеъбинона муносибат намоянд. Таҳияи қонунҳо, маъракаҳои сиёсӣ, ташкили корҳои таблиғотӣ – тарбиявӣ, чопи китобҳои бадеӣ, тарбияи дурусти динӣ дар рӯҳияи идеологияи дуруст, омилҳое мебошанд, ки  дар тарбияи  ҷомеа  нақши муҳим мебозанд.

         Имрӯзҳо ҳам ҳастанд гурӯҳҳои бадхоҳе, ки мехоҳанд сулҳу суботи кишвари моро ноором созанд. Аммо ваҳдат ва ягонагии мардуми азиятдидаи  мо ба ин кирдорҳои бадхоҳона рахна намегардад. Ҷомеаи имрӯзаи моро мебояд, ки таърих начандон дури гузаштаи худро фаромӯш насозад ва аз ҳар саҳифаи он барои ҳар рӯзи хеш сабақ гирад.

 

Хайрулло Ҳошимов  – мутахассиси шуъбаи

тарбияи ДКМТ