ТЕРОРРИСТ ВАТАН , МИЛЛАТ ВА ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД!

Терроризм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ ба нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани наҷотпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Дар ЧТ экстримизми динӣ дар давраҳои сукути давлати бузурги шўравӣ падо гардид. Аз байн рафтани идеологияи коммунист ва пош хўрдани ҳокимияти  шўравӣ дар ҷаҳон дигаргуниҳои куллироба миён овард, аз ҷумла дар шуури одамон дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоии замона низ тағйир ёфт.

             Соли 1990 аввалин маротиба аз ҷониби қувваҳои исломгароӣ тазоҳуроти ҳизбу ҷунбишҳои нав зери ниқоби нерўи демократия, радикализми сиёсӣ доир гардид.Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои ИҶШС  соҳибистиқлолии худро 9-сентябри соли 1991 ба даст овард, вале аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият давлати ҷавон аз тарафи душманони дохилӣ, мухолифини тоҷик ва аҷнабиёни хориҷӣ ба ҷанги щаҳрвандӣ кашида шуд. Дар натиҷа ЧТ ба як кишвари бесару парешон, пур аз низоъ ва вайрону фалаҷ мубаддал гардид.Нерўи ниҳоӣ ва ҳаракатдиҳандаи ҳамаи ҳизбу ҷунбишҳои навбаромад, ҳизби мухолифин буд, ки чандин сол пештар дар қаламрави ЧТ пинҳонӣ амал мекард.Аммо муддате нагузашта, аз оғоз ба гирдиҳамоию зуровариҳо сар карда, бо вазнин гардидани вазъият хоки ватанро тарк намуда ба дигар давлатҳои исломӣ паноҳ бурданд, ки як қисми сокинони кишвар аллакай дар оташи ҷанг аз хонаву дари худ маҳрум гашта, маҷбур ватани аҷдодиашонро тарк карда, ба гўшаҳои давлатҳои ҳамсоя ҳамчун гуреза сафар намуданд. Дар хориҷи кишвар қисмати ҳарбии мухолифин бо ҷараёну созмонҳои ифротӣ робита пайдо намуда, як қисмати онҳо дар марказҳо ва бошишгоҳҳои динӣ-экстримистӣ ҳамчун гурўҳҳои террористӣ амал мекунанд.

Тавре ба мо маълум аст, ҷавонон нерӯи созанда ва бунёдгари миллатанд.Ин беҳуда набуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ зикр намудаанд.

       Аз ин бармеояд, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеаи имрӯзаанд.Мутаасифона, имрӯз  бархе аз онҳо аз гумроҳиву нодонӣ пойбанди ақидаҳои дорои ҳадафҳои нопок мегарданд. Ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои гуногун шомил мешаванд.

      Масъалаи маърифати динӣ дар ин давра бисёр муҳим ба назар мерасанд, зеро баланд бардоштани дониши динӣ ва дунявии ҷавонон метавонад, омили паст шудани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав дар ҷомеа гардад.

     Имрӯз дар ҷомеаи мо  барои омӯхтани касбу ҳунари  ҷавонон шароити мусоид  муҳайё карда шудааст.

      Имом Фахриддини Розӣ мегӯяд: Оқибати  ихтлоф  бадбахтист. Шумо шоҳидед, ки дар баъзе кишварҳои мусулмоннишин мардум бо нидои “Аллоҳу акбар” дар масҷид худро метарконанд. Магар ба қатл расонидани мусулмони бегуноҳ ҷиҳод аст, магар шахси маргталаб шаҳид аст? Ҳаргиз не! Дини ислом чунин нест! Дини ислом дини меҳру муҳаббат, раҳму шафқат аст! Бинобар ин мо бояд ваҳдати миллӣ, таҳаммулпазириро нигоҳ дорем ва ба қадри тинҷиву оромӣ бирасем.

          Имрӯз бархе аз ҷавонони мо, ки саводи динии хуб надоранд, ҷиҳодро нодуруст фаҳмида, мазмуни онро дар тарконидану нобуд кардани худ мебинанд.

         Ҷавонон бояд дар ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол, ташаббусҳои  созанда пешниҳод намоянд, дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд ва барои устувории сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ саҳми худро гузоранд.

       Мо дар замоне кору фаъолият карда истодаем, ки ҷиҳати дарк, ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани таҳдиди воқеаҳои дохиливу хориҷӣ бояд дар пояи волоияти қонун мусоидат намоем.

      Барои пешгирӣ намудани ҷавонон аз гароиши ҳар гуна ҳизбу

Ҳаракатҳои тундрав моро зарур аст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии оливу миёна, касбиву техникӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоем. Дар дарсҳои худ дар бораи  он каме бошад, ҳам фаҳмонида диҳем ва ба қадри ин тинҷиву оромии ҷомеаи худ бирасем. Зеҳни ҷавононро ба он равона созем, ки ҷиҳод мазмуни васеъ дорад, яъне ҷиҳод ба хондан, ҷиҳод ба зиндагии шоиста, ҷиҳод ба рушди ақли солим, ҷиҳод ба хидмати падару модар дошта бошем.Дар ин замина Пешвои миллат дуруст мегӯянд, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

 

                                              Нурматова Мақсуда Рӯзибоевна

                                  ассистенти кафедраи забони давлатӣ ва забони хориҷӣ