Боздиди ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз таҷҳизоти нав воридгардида

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо, мудири кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ Ҳоҷиев Саидмуқбил аз таҷҳизоти нав, ки тоза вориди муассиса гардид, боздид ба амал оварда, ҷараёни корбурди онро санҷиданд.
Зимни боздид, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз тахтаи электронии бисёрвазифавӣ, телевизион,  дастгоҳи аксбардории ҳирфаӣ ва афзори ягонаи мавҷтақсимкунӣ шурӯъ намуда, ба масъулон тақсим намуд.
Ҳамчунин боиси хурсандист, ки як дастгоҳи аксбардории навъи ҷопонӣ аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба шуъбаи иттилоот тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки шуъбаи иттилоот бо чунин дастгоҳи наворбардорӣ ниёз дошт ва кунун ин шароит фароҳам гардид.

Шуъбаи иттилоот