Таҷлили Соли нави мелодӣ дар ДКМТ

Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ аз ҷониби раёсати Донишкада чорабинии ҷамъбастиву фарҳангӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ нахуст ректори Донишкада Фозилзода М.М суханронӣ намуда, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба соли нави мелодӣ табрик намуданд. Зимни суханронӣ аз дастовардҳо ёд намуда, қайд карданд, ки назар ба соли гузашта дар соли 2019 сафи номзадҳои илм зиёд гардида, 6 нафар унвонҷӯ номзади илм гардидаанд ва ҳамчунин 10 нафар унвонҷӯ дар арафаи ҳимоя қарор доранд.

Ҳамчунин ректори Донишкада ба як қатор омӯзгорон ва донишҷӯён ифтихономаву сипоснома ва дигар туҳфаҳои хотиравиро барои фаъолияти пурсамар ва интизоми намунавиву дониши аъло тақдим намуданд.

Дар интиҳо ҳайати ҳунармандони ансамбли “Ҷилои ёқут”-и донишкада ҳунарнамоӣ намуда, хотири ҷамъомадагонро шод гардониданд.