Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар хобгоҳи №3

Дирӯз, дар хобгоҳи рақами №3 бо ширкати сардори шуъбаи ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз ва масъули хобгоҳҳо Ёрматова Хосиятбону чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчамат поянда бод Тоҷикистон” баргузор гардид.

Чорабиниро нахуст масъули хобгоҳҳо Ёрматова Х. ифтитоҳ намуда, таҷлил намудани ин ҷашни ватандориро муҳим арзёбӣ намуда, он рамзи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ номид ва ҳозиринро ба ин рӯз табрику таҳният намуд. Сипас, сардори шуъбаи ҷавонон Насриддинов Ш. суханронӣ намуда, донишҷӯёнро табрику таҳният гуфт. 

Ҳамзамон дар чорабинии имрӯза, донишҷӯ Сафарзода Салмон оид ба таърихи Парчам ва парчамдории миллати тоҷик маърӯза хонда, ах таърих ва пайдоиши парчам гуфт. Баъдан донишҷӯён ба васфи  Тоҷикистон, Парчами миллӣ ва Роҳбари давлат сурудҳо хонда, табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Шуъбаи иттилоот