Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба Рӯзӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Зоирӣ Ғ. ва раиси Иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Д. суханронӣ намуданд.

Чорабиниро нахуст ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, изҳор дошт, ки маҳз бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми рамзҳои давлатӣ ва Парчами миллии тоҷикон машҳури олам гардид ва хушбахтона имрӯз варзишгарону олимону ҳунармандону соҳибкорон ҷавонону наврасон ҳама дар кадом мусобиқа ё олимпиадае ё ба куҷое аз ҷаҳон нараванд ҳатман Парчами давлатӣ бардошта мешавад, ки ин ифтихор аст ва шукри суботу оромӣ дар кишвари азизамон.

Сипас, суханро ба намояндаи МИҲД-и шаҳр Зоирӣ Ғ. доданд, то номаи табрикотии раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзодаро ба самъи ҳозирин расонанд.  Пас аз расонидани паёми раиси шаҳр бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ Зоирӣ Ғ. ҳозиринро ба ин санаи нек табрику таҳният хост.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Д.С. сухан ронда, ҳамагонро ба Рӯзӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, ба ҳама сарбаландиву саодат хост. Ва баъдан ба як қатор ғолибони озмӯни Иттифоқи касаба дар ҳузури меҳмон сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим намуданд.

Баъд аз қисми сиёсии чорабинӣ бахши фарҳангӣ оғоз гардид, ки дар он ҳунармандон аз Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон ҳунарнамоӣ намуданд.

Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳама ташкилкунандагони чорабинӣ ва сарояндагон изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамагонро ба Рӯзӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар таҳният гуфта, ба кулли шаҳрвандон ва ҳамватанони азиз саодатмандиву сарбаландӣ ва хонаободиву хушҳолӣ таманно намуд.

Шуъбаи иттилоот