Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчами давлатӣ рамзи иттиҳод ва қудрати миллат” баргузор гардид, ки дар он меҳмонон ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд. Чорабиниро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақшу мақоми Парчам дар давлатдории миллии тоҷикон ва хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои эҳёи давлатдории миллати тоҷик сухан ронда, нақши ин абармарди арсаи сиёсатро басо бузург арзёбӣ намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки маҳз ҷонфидоиву талошҳо ва садоқатии Сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз нестшавӣ амон монд ва миллат ба саодат расид. 

Сипас, муовини якуми раиси шаҳри Бӯстон Яъқубзода Баҳодур Қурбон номаи табрикотии раиси шаҳр Нигорахон Ғаффорзодаро қироат намуда, ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ ва муҳим табрику таҳният гуфт. 

Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар низ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Баъдан дар интиҳои чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. 

Дар интиҳои чорабинӣ ба як қатор фаъолон ва донишҷӯёни пешқадам ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим карда шуд.