Тақдими китобҳо ба донишкада

Имрӯз фарзанди омӯзгори зиндаёди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Мирзомиддинов Илҳом Мирзоевич китобҳои падарро, ки доир ба масоили таълими метрология ва стандартизатсия мебошад, ба муассиса тӯҳфа намуд.

Китоб бо забони тоҷикӣ навишта шуда, дар кишвар ягона китоби дарсӣ ба ҳисоб меравад.
Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои тақдими ин китобҳо ба пайвандони устод Илҳом Мирзоевич ташаккур баён мекунад, навишт дар сафҳаи шахсии хеш дар Фейсбук профессор Насриддинов Замониддин.