Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз озмоишгоҳи академияи CDIO дидан намуданд

Дирӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз озмоишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои тобеи донишкада дидан намуданд.
Ректори донишкада пас аз дидани бинои таълимии Донишкадаи Конфутсий дар назди донишкада аз академияи байналмилалии CDIO дидан намуданд.
Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ аз бинои академияи байналмилалӣ дидан намуда, бо таҷҳизот ва озмоишгоҳ шиносоӣ пайдо карда, ба муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо ҷиҳати боз ҳам пуриқтидор сохтани академия ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои гузаронидани таҳқиқотҳои озмоишгоҳӣ дастур доданд.


Шуъбаи иттилоот