Ташрифи сафири ҶМЧ Тзи Шумин ба ДКМТ

Имрӯз ба Донишкадаи Конфусийи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин Тзи Шумин ташриф оварда бо хонандагони забони чинӣ ва вазъи Донишкадаи Конфусий ошно гардид. Меҳмонро ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, директори Донишкадаи Конфусий Жен Гентян, директори ҷониби тоҷикистонии ҳамин донишкада Валиева Мастурахон ва дигар омӯзгорон бо оинт тоҷиконаи меҳмонпазироӣ истиқбол намуданд.
Ҷаноби Тзи Шумин бо омӯзгорони Донишкадаи Конфусий ва алоқамандони забону фарҳанги Чин суҳбат намуда, ба хонандагон ва кормандони донишкада баҳои баланд дод.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи Конфусий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона маркази фарҳангу забони Чин дар вилоят буда, чандин намояндагиву марказҳои хурди хешро дар назди донишгоҳу муассисаҳои таълимии вилоят боз намудааст, ки алоқаманди забону фарҳанги Чин метавонанд аз он истифода намоянд.