Дарси кушоди профессор Олимов Абдумалик

Имрӯз дар озмоишгоҳи нафту гази кафедраи геология ва корҳои нафту газ дарси кушоди профессор Олимов Абдумалик баргузор гардид.

Профессор Олимов Абдумалик дар мавзӯи “Истифодаи деэмулгаторҳо барои вайрон намудани эмулсияҳои нафтӣ” суханронӣ намуда, барои донишҷӯён ба тариқи амалӣ дар озмоишгоҳ фаҳмонид, ки донишҷӯён аз ин тарзи гузаштани дарс хеле лаззат бурданд.
Ёдовар мешавем, ки дар дарси кушоди профессор Олимов Абдумалик сардори раёсати таълим Осими Оқил, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули, мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шӯҳрат, сардори БИСТ Юсупов Хуршед, профессор Анвар Атаев, котиби комиссияи забони давлатӣ Нурматова Мақсуда ва дигар омӯзгорони фаъоли кафедраҳо ширкат намуда, ба раванди дарсгузарии профессор баҳои баланд доданд.
Ёдовар мешавем, ки профессор Олимов Абдумалик яке аз омӯзгорони фаъол ва таҷрибадор дар соҳаи истеҳсолоти нафт буда, формулаҳои зиёди коркарди маҳсулоти нафтиро низ таҳия намудааст, ки дар истеҳсолот татбиқ мегарданд.