Ширкати волонтёрони донишкада дар чорабиниҳои Наврӯзи байналмилалӣ

Имрӯз дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар варзишгоҳи 20- солагии истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, волонтёрони назди шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада фаъолона ширкат намуданд.
Кори волонтёри кори осон набуда, шавқмандии зиёд металабад, лек ин ҷавонон аз субҳ то интиҳои барномаи мазкур ширкат намуданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада Насриддинов Шаҳбоз иттилоъ дод.