Оғози рӯз бо тамринҳои варзишӣ

Субҳи донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон имрӯз бо тамринҳои варзишӣ оғоз гардид, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида ба донишҷӯён омӯзгори кафедраи варзиш тамринҳоро нишон дод, ки дар ин бора масъули бахши тарбия Ёрматова Х. ба шуъбаи иттилоот хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки ҳамарӯза бошандагони хобгоҳи донишкада субҳи худро аз тамринҳои варзишӣ оғоз намуда, сипас ба дарс ҳозир мешаванд.