Тадқиқотҳои муштарак дар самти об

Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо Филиали Агентии амнияти ядроиӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати ташхиси обҳо барои корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ шартнома ба тасвиб расонид, дар ин бора ба шуъба ноиби ректор оид ба илм,инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ дотсент Насриддинов З.З. иттилоъ доданд.

Ёдрас мешавем, ки зимни вохӯрӣ профессор Назаров Х.М. — роҳбари филиали агентӣ дар вилояти Суғд бо ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ  шартномаи таҳқиқи обҳоро дар доираи корҳои илмӣ ба имзо расониданд, ки тибқи он намунаҳои обҳо дар Озмоишгоҳи обҳои донишкада барои таҳлили металлҳои вазнини таркиби обҳо ташхис карда мешавад. 

Ҳадафи шартномаи мазкур ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд оид ба таҳлил намудани намунаҳои обҳои аз ҷониби филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод карда шуда дар озмоишгоҳи таҳлили обҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад.

Айни ҳол озмоишгоҳ бо таҷҳизоти махсус — спектрометри атомӣ-абсортсионӣ ва дигар лавозимот муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки имконияти дилхоҳ ташхисҳои самти гидрологиро дорад. Дар озмоишгоҳ ба ҳайси роҳбар номзади илмҳои техникӣ Ҳоҷиев С., фаъолият менамояд, ки дар доираи низомнома ва дастури вазифавии худ бо ду унвонҷуй Ашуров Х., ва Давлатов Д, корҳои илмӣ — таҳқиқотии самти тозакунии обро амалӣ карда истодаанд. 

М. Сайидзода