Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Шӯрои олимон зери раисии н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид.

Дар Шӯрои олимон, ки охирин барои соли таҳсили 2020-2021 аст, як қатор масоили мубрам ва муҳим баррасӣ карда шуд. Ҳамчунин, дар ҷаласаи Шӯро натиҷаи озмун барои ишғоли вазифаҳои холӣ баргузор гардид, ки дар он довталабон ба вазифаҳои холӣ тибқи овоздиҳӣ аз рӯйи Низомномаи макотиби олӣ интихоб шуданд.
Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ омодагии раёсати таълим, раёсати илм ва дигар масъулонро ба соли хониши 2021-2022 таъкид намуда, барои зимистонгузаронӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулон вазифагузорӣ намуданд.

Дар интиҳо барои фаъолияти хуби илмӣ- педагогӣ ба ҳайати профессорию омӯзгорӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Шуъбаи иттилоот