Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни гурӯҳи 510202 бахши 3 дар филиали корхонаи “САРАТОВ НЕФТ ГЕОФИЗИКА”-и шаҳри Гулистон

Донишҷӯён дар  филиали корхонаи “САРАТОВ НЕФТЬ ГЕОФИЗИКА”- и шаҳри Гулистон зери роҳбарии омӯзгори калони кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шуҳратҷон дарси амалӣ аз фанни геофизикаро дар корхонаи мазкур гузарониданд.

Донишҷӯён сараввал  бо техникаи бехатарӣ ва сардори корхонаи филиали тоҷикии “САРАТОВ НЕФТЬ ГЕОФИЗИКА” Хусайнов Абдусамӣ шинос гардида, сипас ба корҳои пармакунӣ, корҳои гузоронидани таҳқиқоти геофизикии чоҳҳо аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Дар ин ташрифи худ донишҷӯён аз тарзҳои истифодабарии таҷҳизотҳои пармакунӣ ва таҳқиқоти геофизикии чоҳ, намудҳои дасгоҳҳои чоҳ (зонд) ва дигар таҷҳизотҳои ёрирасон аз наздик шинос гардиданд ва тасаввуроти муҳандиси нафткор пайдо намуданд.

Донишҷӯён дар филиали тоҷикии  “САРАТОВ НЕФТЬ ГЕОФИЗИКА” бо кормандони соҳаи саноати нафт суҳбат намуда, барои комил сохтани донишҳои хеш чандин қолабҳо дар тарҳи миллиро таҳия намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ихтисоси коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ таъсис дода шудааст, ки ҳадафаш омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа мебошад.