ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН ФОЗИЛЗОДА МУХТОР МУРОДАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҒАЛАБА

Имрӯзҳо дар сар то сари кишвари азизамон, дар мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупо яке аз ҷашнҳои таърихӣ, 74-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Аз ин фурсат истифода бурда, Иди Зафарро ба мардуми шарифи мамлакатамон табрик мегӯям.

Дар таърихи башарият Иди Ғалаба ва корнамоиҳои падарону бародарони калонсоли мо дар арсаи мудҳиштарин ҷанги ҷаҳонии асри гузашта як пораи воқеии сарнавишт, як саҳифаи пурифтихори таърихро таҷассум менамояд.

Солҳо гузаштанд, наслҳои нав ба дунё омада, ба камол мерасанд, вале қаҳрамонии беамсоли халқ дар набардҳои ҷанг аз хотираҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Корнамоӣ ва далерии муҳофизони Ватан таҷассумгари ҷасорат ва мардонагии бемисли онҳо буда, ҳамзамон ин корнамоиҳо садҳо ҳазор захму ҷароҳат, қурбониву маҳрумият ва хотираҳои талхро бо худ оварданд.      

Дар қатори ҳазорҳо нафар ҷанговарон ҷавонмардони тоҷикистони низ ихтиёран ба майдони ҷанг сафарбар гардида, дар набардҳои ҷангӣ баҳри торумор намудани душманони Ватан фаъолона иштирок намуда, сазовори ордену медалҳои фахрӣ гардидаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоистаи иштирокчиёни майдони набардҳоро доимо қадрдонӣ намуда, нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Имрӯз аз шумораи садҳо нафар иштирокчиён ва собиқадорони ҷанг нафарони башумор мондаанд, ки ба ҷо овардани иззату ҳурмати онҳо вазифаи муқаддаси мо мебошад.

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мисли шоҳсутуне мебошанд, ки ҷомеаи моро мустаҳкам нигоҳ дошта, насли ҷавонро барои вориси асили бузургмардони гузашта гардидан омода месозанд. Корнамоии онҳо баҳри ҳимоя ва ҳифзи хоки Ватан, барои тарбияи ватандӯстии насли наврасу ҷавон як китоби пурарзиши панду ҳикмат буда, ҳар як сатри он роҳкушо ва роҳнамои насли ояндаи кишвар мебошад.