Суханони Пешвои муаззами миллат роҳнамоест барои фардои насли ҷавон

Барои мо омӯзгорони ДКМТ боиси фараҳу шодист, ки дар фазои орому осуда ва бо дилу пур аз меҳру муҳаббат ва беҳтарин шароити мавҷуда тавонистем, суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомоалӣ Раҳмонро мустақиман тамошо намоем ва баҳраҳои зиёди маънавӣ бардорем. Имрӯз пеш аз ҳарвақта мо хурсанду сарбаланд ҳастем, ки дар  Рӯзи дониш Дарси сулҳро аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунидем. Албатта на ба ҳар кас муяссар мегардад, ки ин ҳама ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлатро дарк кунаду аз рӯи он амал намояд. Мо аз суханрониҳои Сарвари хирадманду маорифпарвари хеш руҳу равони тоза бардошта, аз машварату маслиҳатҳояшон, ки ҳам арзишманду ҳикматомӯз ҳастанд, тавонистем барои худ шиори зиндагӣ бигирем. Ҳини суханронӣ ба мо маълум гардид, ки ҳар як сухани Пешвои миллат чароғест барои муайян сохтани роҳи ноаниқу пурпечутоби зиндагӣ дар ҷаҳони муосир ва Пешвои муаззами миллат роҳнамое ҳастанд, ки моро ба ояндаи фардои дурахшон ҳидоят менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки на ба ҳар сокини сайёра мушарраф мегардад, то чунин Сарвари хирадманду дилсӯз ва маорифпарвар дошта бошад. Ва мо шукрона аз он мекунем, ки дар зиндагӣ танҳо нестему чунин Сарвари хирадманд бо мо ҳастанд. Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханрониҳояшон ба ояндаи насли ҷавон таваҷҷуҳ намуда,  бароямон  махсус машварату маслиҳатҳо медиҳанд, то дар оянда муаррифгару номбардори миллати барӯманди тоҷик бошем:

“Сабақҳои таърих ҳушдор медиҳанд, ки шумо — ҷавонони кишвар ва наслҳои оянда дар назди давлат ва сарнавишти халқи тоҷик масъулияти бузург доред”.

Ин нукта, ки имрӯз аз забони Пешвои муаззами миллат шунидем, моро боз ҳам дилгарм намуда, ба он водор месозад, ки нисбати оядаи миллату давлат масъулияти дучанд дошта бошем ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар бетараф набошем.

Албатта, дар ин шабу рӯз, ки падидаҳои номатлуби ҷаҳонишавӣ дар остон аст, моро зарур меояд, то аз пандҳову машваратҳои Сарвари хирадманди  давлат баҳра бардошта, баҳри боз ҳам беҳтар шудани сифати таълиму тарбия ва зиндагии шоиста талош варзем.

Дониш андӯхтану маърифатнок гардидан аз вазифаҳои ҷонии ҳар як шахс аст ва дониши хубу ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир фардро ҳаргиз хору гумроҳ намесозад. Аз ҳамин сабаб Пешвои муаззами миллат пайваста талош меварзанд, то насли  ҷавон соҳиби донишу маърифати воло гардад ва дар рушди кишвари азизамон саҳми хешро гузорад.  Ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ин нуктаро таъкид намуданд, ки “яке аз ҳадафҳои муҳимме, ки дар назди устодону омӯзгорон қарор дорад, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад” . Аз ҳамин хотир,  таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ва дарк кардани масъулиятҳои омӯзгор дар назди донишомӯз аз вазифаҳои нахустини мо ба ҳисоб меравад.

Мо ҳар як нуктаи суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, ваъда медиҳем, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати донишҷӯёни донишкада кӯшиш ба харҷ медиҳем, то дар оянда аз беҳтаринҳо бошанд.

Облоқулов Воҳид                                      

Муовини декани факултети Электронмеханика