Семинари машваратӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети корҳои кӯҳӣ

Дар чорабинии имрӯза нахуст муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ оид ба тарбия Холбоев Рафиқҷон ба ҳозирин филми мустанад роҷеъ ба ҷараёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Эмомалӣ Раҳмонро ба намоиш гузошт.
Сипас, декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Самадова Гули суханронӣ намуда, роҷеъ ба нақш ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ муассир арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки маҳз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакатамонро аз вартаи нобудӣ наҷот дод.

Ҳамчунин, дар семинари мазкур муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ Холбоев Рафиқҷон дар мавзӯи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ” баромад намуда, чанд нуктаҳои муҳимро таъкид намуд.
Сипас, дар чорабинии мазкур донишҷӯён Наҷмиддинов Муродулло дар мавзӯи “Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ ва Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олӣ”, Қулов Ҳамдам дар мавзӯи “Қасри Арбоб -қасри тақдирсози миллат ” маърӯза намуданд. 

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Абдуллоев Икром перомуни муҳимияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар сарнавишти миллати тоҷик сухан ронд. 

Семинари машваратӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, омӯзгорону донишҷӯён бо руҳияи баланд аз толор баромаданд. 

Шуъбаи иттилоот