Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар донишкада

Дирӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба панҷсолаи рушди саноат дар кишвар  конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ташкили ҳамлу нақли технологии борҳо дар конҳои кӯшоди кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ширкати омӯзгорону кормандон баргузор гардид. Конфронсро муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба муҳимияти масъалаи мазкур ва ҳамчунин таҷдиду сохтори нави корбарӣ дар самти ҳамлу нақли борҳо ва истифодаи технологияи муосир сухан ронд.

Сипас, дар конфронси мазкур муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо маърӯза намуда, дар бобати конҳои кушоди кӯҳӣ ва ҳамлу нақли борҳо бо роҳи муосир сухан намуда, чанд нуктаи заруриро таъкид намуд. 

Ҳамчунин, дар қисмати пленарии конфронси мазкур сардори шуъбаи боракашонии байналмилалии автомобилии Ассотсиатсияи боракашонии байналмилалии автомобилии  Тоҷикистон (АББАТ) дар вилояти Суғд Машарипов Б.К., дотсенти кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии ДПДТТ ба номи акадмемик М.Осимӣ Худойбердиев Х.А. ва донишҷӯ Примзода Меҳваршоҳ маърӯза намуданд.

Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи боракашонии байналмилалии автомобилии  Тоҷикистон (АББАТ) гузаронида шуд.