Семинари илмӣ-назариявӣ дар кафедраи математикаи олӣ ва информатика

Дирӯз дар кафедраи математикаи олӣ ва информатика  семинари илмӣ-назариявӣ гузаронида шуд. Семинар аз ҷониби омӯзгори калони ҳамин кафедра Ҳаитова Ф.Ш. дар мавзӯи “Татбиқи муодилаи дифференсиалӣ дар ҳалли баъзе масъалаҳо” гузаронида шуд.

Дар семинари мазкур мудири кафедраи метематикаи олӣ ва информатика Туев Ш., сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз ва дигар омӯзгорон ширкат намуданд.

Дар интиҳои семинар суолу ҷавоб роҷеъ ба мавзӯъ баргузор шуд, ки дар он донишҷӯён ба суолҳои хеш посух гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот