Семинари илмӣ-амалӣ дар кафедраи математикаи олӣ ва информатика баргузор гардид

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дирӯз дар кафедраи математикаи олӣ ва информатика семинари илмӣ- амалӣ таҳти унвони “Татбиқи парабола дар соҳаҳои гуногун” аз ҷониби омӯзгор Норбобоева Г.Б. баргузор гардид.
Семинарро нахуст Норбобоева Г. ифтитоҳ намуда, ба ҳозирин дар бораи муҳимияти парабола ва истифодаи он дар ҷомеа сухан ронд.
Ҳамчунин, дар семинари мазкур донишҷӯён низ баромад намуда, роҷеъ ба мавзӯи мазкур андешаҳои хешро баён доштанд.
Дар интиҳои семинар суолу ҷавоб сурат гирифт, ки чорабиниро боз ҳам рангинтар намуд.
Шуъбаи иттилоот