Директори агентӣ Саидзода Ш. аз академияи байналмилалии CDIO дидан намуд

Имрӯз ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон директори агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  СаидзодаШ ташриф оварда аз аудияторияҳо ва биноҳои таълимии академияи миллии CDIО дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дидан намуд. Меҳмонро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо ва роҳбари Маркази бақайдгирию тестӣ Давлатов Давлатмаҳмад ҳамроҳӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот