Мулоқоти муҳиму судманди масъулон бо ҷавонон дар донишкада

Санаи 13-уми октябри соли равон дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар – Ҷӯразода Т., Мирзоева Г., ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон – Маҳмадалӣ Б., мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон – Расулова М., имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имоми Аъзам – Қозиев М. ва мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд – Олимов Б. мулоқот оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, зарару оқибатҳои истифодаи маводҳои мухаддир, пешгирии тамоюлҳои бегонапарстӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зикр гардид, ки имрӯзҳо нашъамандӣ мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст, ки сабаби асосии он ба маводи нашъадор майл кардани ҷавонони зиёд мебошад. Ин табақаҳои ҷомеа дар ҳама ҳолатҳо бояд худро аз хатарҳои нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва дигар кирдорҳои ношоиста эмин нигоҳ доранд. Истеъмоли маводи нашъадор ва дигар моддаҳои заҳрнок ба саломатӣ зарари ҷиддӣ расонида, оқибат ба марг оварда мерасонад. Нашъамандони ҷаҳон имрӯзҳо зиёдтар ҷавононро ба ин маводи сахттаъсир ҷалб карда, тавассути онҳо маводи нашъадорро ба тамоми ҷаҳон паҳн менамоянд ва ин масъала яке аз мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.
Боиси таассуф аст, ки мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри XXI боқӣ монда, он ба эътидол овардани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсии давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд. Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият мекашанд ва ҳазорон ҷавонон ҷони худро аз дасти ин бохтаанд.
Нашъамандӣ воқеан вабои аср буда, ҷомеаро заиф мегардонад ва ба сари ҳар як хонадон рӯзи сиёҳу пурмусибат меоварад. Феълан ҷавонони зиёд бекорию бекорагардиро пеша карда, ба аъмоли номатлуб амсоли нашъамандӣ зуд ҷалб мешаванд. Яке онро ба манбаи даромади пулӣ табдил дода, дигаре маҳз тариқи он ба хешу атрофиён зарар меоварад. Нашъаҷаллоб худ сирати башарӣ надорад ва то охир дарк наменамояд, ки ҷиноят содир кардаасту даромади муфт, баҳра бурдан аз пули нашъа ҳаром аст.
Олимон нишонаҳои нашъамандӣ ва таъсири онро дар ҷомеа ҳамчун беморӣ маънидод кардаанд. Азбаски ин беморӣ бо амалу рафтори нашъаманд боиси харобиҳои зиёде шуда метавонад, дар саросари олам бо ин дард муборизаи қатъӣ эълон шудааст.
Ҳамзамон қайд гардид, ки ҷавононро мебояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, баҳри шомил нашудан ба ин гурӯҳи афрод кӯшиш намоянд.