Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик оғози марҳилаи нави давлатсозӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ гардид. Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ дар кишвар равандҳои мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ паси сар гардида, барои ташаккули иқтисоди мустақили миллӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд. Яке аз масъалаҳои муҳим дар ин раванд ташаккули иқтисоди истеҳсолкунанда ва кам намудани вобастагии кишвар аз воридоти маҳсулоти тайёр мебошад. Дар ин замина рушди саноат аҳамияти стратегӣ касб мекунад. Саноат на танҳо яке аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, балки воситаи муҳими таъсиси ҷойҳои корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, истифодаи захираҳои табиӣ, рушди минтақаҳо, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва таъмини истиқлолияти иқтисодии кишвар мебошад. Бо дарназардошти чунин аҳамият, масъалаи саноатикунонии босуръати кишвар ба яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат табдил ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2025 таъкид намуданд, ки солҳои охир дар мамлакат барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ иқдомоти муҳим амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, тайи даҳ соли охир маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Мақсади таҳқиқоти мазкур таҳлили раванди рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 1991–2026 ва муайян намудани нақши сиёсати созандаи давлат дар гузариш ба марҳилаи нави саноатикунонии миллӣ мебошад.
Соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол вориди марҳилаи нави таърихӣ гардид. Иқтисоди ҷумҳурӣ дар он давра бо низоми ягонаи иқтисодии собиқ иттиҳоди шӯравӣ сахт алоқаманд буд. Бисёре аз корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом, таҷҳизот ва бозорҳои фурӯш аз дигар ҷумҳуриҳои собиқ бародарӣ вобастагӣ доштанд. Пошхӯрии низоми ягонаи иқтисодӣ боиси канда шудани робитаҳои истеҳсолӣ ва коҳиши ҳаҷми истеҳсолот гардид. Дар ин марҳила вазифаи аввалиндараҷа нигоҳ доштани иқтидорҳои мавҷуда, барқарор намудани фаъолияти корхонаҳо ва фароҳам овардани замина барои рушди минбаъдаи иқтисодӣ буд. Тибқи маълумоти омории давраи мазкур, истеҳсоли саноатӣ дар солҳои аввали истиқлолият ба таври назаррас коҳиш ёфт. Соли 1997 ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ танҳо тақрибан 32,3 фоизи сатҳи соли 1990-ро ташкил медод. Ин вазъият нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули иқтисоди миллӣ бояд на танҳо иқтидорҳои қаблиро барқарор мекард, балки заминаҳои нави истеҳсолиро низ ба вуҷуд меовард.
Пас аз барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ фароҳам омад. Дар ин марҳила сиёсати иқтисодии давлат ба барқарорсозии истеҳсолот, рушди энергетика, сохтмони роҳҳо, ҷалби сармоягузорӣ ва ташаккули бахши хусусӣ равона гардид. Рушди соҳаи энергетика барои саноат аҳамияти махсус дошт. Зеро бе таъмини устувори неруи барқ рушди корхонаҳои истеҳсолӣ ғайриимкон буд. Ҳамзамон, сохтмони роҳҳо ва инкишофи инфрасохтори нақлиётӣ барои дастрасӣ ба бозорҳо ва интиқоли ашёи хом ва маҳсулоти тайёр аҳамияти калон дошт. Аз ин рӯ, се ҳадафи стратегии кишвар — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ — бо рушди минбаъдаи саноат робитаи мустақим пайдо намуданд, ки саноатикунонӣ ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии миллӣ эълон карда шуд. Марҳилаи нави рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муайян гардидани саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии миллӣ алоқаманд мебошад. Ин сиёсати давлатӣ аз зарурати гузариш аз иқтисоди асосан ашёӣ ба иқтисоди истеҳсолкунанда ва коркардкунанда бармеояд. Моҳияти асосии саноатикунонӣ аз таъсиси корхонаҳои нав, навсозии корхонаҳои мавҷуда, коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, истифодаи технологияҳои муосир ва ташкили ҷойҳои нави корӣ иборат мебошад. Дар натиҷаи татбиқи ин сиёсат шумораи корхонаҳои саноатӣ ва ҳаҷми истеҳсолот тадриҷан афзоиш ёфт. Агар дар оғози Истиқлолият шумораи корхонаҳои саноатӣ нисбатан маҳдуд буд, дар солҳои минбаъда таъсиси корхонаҳои нав, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ боиси васеъ гардидани заминаи истеҳсолӣ шуд. То соли 2018 шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2161 адад расида буд. Ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 3779 адад расид. Ҳамин тариқ, дар давоми шаш сол шумораи корхонаҳои ба ҳисоб гирифташуда тақрибан 1,75 баробар зиёд гардид. Ин раванд аз густариши заминаи истеҳсолӣ ва фаъол гардидани соҳибкории саноатӣ шаҳодат медиҳад. Марҳилаи солҳои 2019–2025 дар таърихи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давраи махсуси саноатикунонии босуръат арзёбӣ мешавад. Тибқи маълумоти расмӣ, дар давраи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат дар кишвар зиёда аз 2600 корхонаи саноатӣ сохта ва ба истифода дода шуда, зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Зеро корхонаҳои саноатӣ танҳо объекти истеҳсолӣ нестанд. Онҳо маркази ташаккули ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ, баландшавии малакаҳои касбӣ ва рушди иқтисодии минтақаҳо мебошанд. Дар соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавии соли 2024 тақрибан 25,2 млрд сомониро ташкил медод. То соли 2024 ин нишондиҳанда ба тақрибан 53,9 млрд сомонӣ расид. Яъне дар ин давра ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ беш аз ду баробар зиёд шудааст. Соли 2025 бошад, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои ҷории ҳамон сол ба 66,7 млрд сомонӣ расида, суръати афзоиши саноат 22,1 фоиз-ро ташкил дод. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки саноат тадриҷан ба яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ табдил меёбад.
Ҳамин тариқ, таҷрибаи 35 соли Истиқлолияти давлатӣ нишон медиҳад, ки саноатикунонӣ яке аз воситаҳои асосии гузариш аз иқтисоди вобаста ба ашёи хом ба иқтисоди истеҳсолкунанда ва рақобатпазир мебошад. Саноатикунонии кишвар самараи сиёсати созанда дар даврони Истиқлолият буда, дар марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба омили асосии таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ табдил ёбад.
Саидзода МУСТАФОХОН н.и.и., дотсент мудири кафедраи
иқтисодиёт ва идоракунии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
