Осими Оқил яке аз омӯзгорони ҷавон ва аз олимони муваффақи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад, ки тибқи анъанаи гузаштагони миллати тоҷик гоҳ-гоҳ фориғ аз кору рӯзгор ба навиштани шеъру достон ва осори назмӣ даст мезанад ва дар ин масири эҷодӣ чандин маҷмуаҳои шеърияш ба дасти хонанда расидааст.
Мавсуф аз эҷодкорони фаъолу хушзавқ буда, дар васфи Тоҷикистон, Ватан, Истқлол, озодиву сулҳу ваҳдат, эҳтироми волидайн ва мавзуоти муҳими иҷтимоӣ шеърҳо эҷод менамояд.
Имрӯз, “Достони Истиқлол”- и ӯро, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҷод намудааст манзури Шумо ҳамватанони азиз мегардонем.
Тоҷикистон, кишвари озоди ман,
Тоҷикистон, давлати ободи ман.
Як замон рухсораат пургард буд,
Қалби ту аз зиндагонӣ сард буд.
Буд дар ҳар кӯчаву роҳи калон,
Хуни фарзандони ту ҷӯйи равон.
Дар гулистонат бирӯйид хорҳо,
Ҳалқа зад дар кӯчаҳоят морҳо.
Душманат уммеди ту барбод кард,
В-он дили шоди туро ношод кард.
Хонаи ободи ту вайрон намуд,
Тифли ширбӯйи туро гирён намуд.
Бонги тиру навҳаи модар баланд,
Руҳу ҷони кас асире бар газанд.
Ин замон марди ҳалиму хоксор,
Родмарду поктинат номдор,
Ибни Раҳмон вориси Сомониён,
Як ҷавони нексурат хушбаён.
Рӯ ба халқу кишвари маҳбуб кард,
Ҷангрову хасмро мағлуб кард.
Гуфт:-Ёрон, мақсади мо ваҳдат аст,
Шодиву ободии ин давлат аст.
Дӯстон, бо ҳам бародар мешавем,
Бо ватан ҳамболу ҳампар мешавем.
То ба кай аз теғи ноҷои писар,
Чашмаи хунин шавад чашми падар?
То ба кай модар бинолад аз азоб?
Қалби ӯро сӯз орад изтироб.
Хоси ин миллат ҷидолу ҷанг нест,
Миллати тоҷики мо бенанг нест.
Ман, ба халқам сулҳу ваҳдат оварам,
Бар Ватан пайки саодат оварам.
Он ғарибони ватангумкардаро,
Боз орам бар ватан бо муддао.
То фирориро наорам бар Ватан,
Ман намеёбам қарори хештан.
Ин сухан сахтии дилро нарм кард,
Қалбро бар зиндагонӣ гарм кард.
Қасри Арбоб гӯиё, ки ид дошт,
Ид баҳри номаи тавҳид дошт.
Миллати моро саодат ёр шуд.
Қалбҳо ҳам пок аз озор шуд.
Халқи тоҷик давлаташ обод кард,
Зиракӣ ӯро зи ғам озод кард.
Роҳро дар синаҳои кӯҳ кофт.
Сӯи фардои накӯяш роҳ ёфт.
Нангу ору мардӣ моро пеша шуд.
Душман аз нокомӣ дар андеша шуд.
Пешвои миллати мо аҳд кард,
Баҳри истиқлоли миллат ҷаҳд кард.
Кард ӯ бар ваъдаҳои худ вафо,
Тоҷикистонро бидодӣ ӯ сафо.
Гашт маълум, ӯ саодатофар аст.
Ӯ сазовори санову минбар аст.
Ҳар ташаббусе, ки ӯ пайгир шуд,
Кулли олам дидаву тасхир шуд.
Сиву панҷум қуллаи сулҳу зафар,
Тай намуда гарчӣ будаш сад хатар.
Парчами тоҷик ба азму ҷаҳди ӯ,
Дар ҷаҳон пар зад зи азму аҳди ӯ.
Ҳар қадам фаввораҳоро бингаред,
Ҳар нафас тайёраҳоро бингаред.
Кӯчаҳо дар шаб чароғистон шуданд,
Раҳ ба раҳ гӯё шарористон шуданд.
НОБ-и Роғун бо иродат сохтем.
Баҳри фардо бо саодат сохтем.
Зинда бод, имрӯзи истиқлоли мо,
Зинда бод, фардои хушиқболи мо.
Шеъри Осим бод дар вирди забон,
Васфи истиқлоли ӯ то ҷовидон.
