Сайри донишҷӯён дар китобхонаи ДКМТ

Бо шурӯъ шудани оғози соли хониш донишҷӯёни бахши якуми ихтисоси корҳои зеризаминии факултети корҳои кӯҳӣ  бо ташаббуси директори китобхонаи донишкада Танжихолова Шаҳнозабону  бо китобхона ва имкониятҳои китобдорӣ шиносоӣ пайдо намуданд.  Танжихолова Ш. ба донишҷӯён имкониятҳои китобхона аз ҷумла фаъол шудани китобхонаи электронӣ ва ҳамзамон тарзи сабти ном бо роҳи анъанавӣ ва тариқӣ маҷозӣ, яъне ID рақамҳоро фаҳмонида, донишҷӯёнро ба аъзо шудан ва истифода намудани ганҷинаҳои адабии китобхона даъват намуд.

Сайри китобхонаи ДКМТ барои донишҷӯёни соли аввал бисёр ҳам ҷолиб ва хотирмон буд ва ҳамин аст, ки донишҷӯён бо хушҳолӣ аз ҳар як толор ва утоқи китобхонаи донишкада дидан намуданду ба худ маълумотҳои заруриро дарёфтанд.

Ёдрас мешавем, ки дар китобхонаи донишкада зиёда аз 120608 китобҳои нодир  маҳфузанд, ки дар бисёр китобхона дарёфт карданашон имкон надорад. Тавре, ки роҳбари китобхонаи донишкада иттилоъ доданд, ҳамасола донишкада барои таъмин намудани донишҷӯён ба китобхона китобҳои таълимӣ ва бадеиро харидорӣ менамояд, ки ин иқдом боиси сутуданист.

Ёдрас мешавем, ки китобхонаи донишкада имрӯзҳо ба низоми нави барӯйхатгирии китобҳо ва маводи мавҷудаи омӯзишӣ гузаштааст, ки ин ҳам барои донишҷӯёни донишкада дар шароити феълӣ хеле муфид мебошад.

 

Шуъбаи иттилооти ДКМТ