Сада муждаи нахусти баҳор аст

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 – уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

          Мувофиқи маъхазҳои таърихӣ, иди Сада таърихи аз 3 то 5 ҳазорсоларо доро мебошад. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, оташро ифода менамояд. Дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст, Ҳушанг мебошад. Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд. Сохтани абзори ҷангӣ, кашфи либос ва омӯзиши ҳунари риштану бофтану дӯхтан, сохтмон ва хиштрезӣ, истихроҷи сангҳои қиматбаҳо, баровардани бӯйҳои хуш, ба монанди мушку анбар, уд, гулобу кофур ва кашфи ҳунари киштисозӣ ва дарёнавардӣ ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода шудааст. Аз ин рӯ, Садаро куҳантарин ҷашни мардуми ориёитабор ва ба иборае, куҳантарин ҷашни ҷаҳон медонанд. Вожаи Сада ҳамон адади 100 буда, ба маънои 100 шабу рӯз то оғози Наврӯз аст. Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буд, ки ба мардум муждаи нахусти баҳор меовард ва деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамуд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.

          Қобили зикр аст, ки дар бораи пайдоиши ҷашни Сада манбаъҳои таърихӣ далелҳои дигаре низ матраҳ кардаанд. Яке аз манбаъҳое, ки дар ин бора иттилоъ додааст, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём аст. Дар ин манбаъ дар бораи таърихи пайдоиши ҷашни Сада омадааст: «Афридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигрифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд». Абурайҳони Берунӣ бошад дар бобати ҷашни Сада навиштааст: Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд ва низ омада: «Шумори фарзандони Одам абулбашар дар ин рӯз ба сад расид». Калимаи «Сада» дар китоби Авесто ҳам ба маънои тулӯъ кардан ва ҳам ба маънои ғуруб кардан омадааст ва ба гумони зиёд, ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулӯъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои баҳманмоҳ дар ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш иртибот дошта бошад. Тавре донишманди эронӣ Ризо Муродии Ғиёсободӣ навиштааст: «Ҷашни Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст».

          Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи оламафрӯз ба ҷашни байналмилалӣ мубаддал шуд ва ҷашни Меҳргон низ эҳё гардид. Акнун дар радифи ин ду ҷашни миллӣ фурсати бисёр муносиб фароҳам шудааст, ки ҷашни Сада низ бо шукӯҳу шаҳоматаш дубора барқарор гардад. Чунон ки дар ибтидо зикр кардем, ин се ҷашни миллӣ реша дар тағйироти табиату кайҳон дошта, ҳеч рабте ба ақидаҳои динӣ надоранд, балки ба монанди ойини меҳрпарастӣ, зардуштия дар баъзе мавқеъ таҳти таъсири ин ҷашнҳо қарор гирифта, аз ин маросимҳо таъсир пазируфтаанд.

          Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти бадастомада, иди Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ санаи 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.

 

                                                                                                            Қодирова М.

Шербоев М.