САВГАНДИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МАРОМНОМАИ МО ҶАВОНОН АСТ!

Пирӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ нишонаи баланди ватандориву хештаншиносии шаҳрвандонро ифода мекард. Воқеан ҳам Сарвари тамоми тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки  миллати  тоҷикоро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳанду давлати миллии тоҷиконро эҳё созанд, ки ин орзӯи чандинасраи миллати тоҷик буд.

Ҳоло миллати тоҷик ба беҳтарин муваффақият даст ёфт, ки инро мешавад, як баҳори нав дар зиндагии миллати тоҷик унвон кард.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими савгандёдкунии хеш бисёр ҳам нуктаи ҷолибро қайд намуданд, ки ёдрас шудан ба маврид мебошад: “Итминони комил дорам, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва мо якҷо бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо ва пешрафтаву нерӯманд гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.”

Оре, дар якҷоягӣ зери роҳбарии Сарвари хирадманду адолатпарвар ва башардӯст миллати тоҷик метавонад тамоми монеаҳоро паси сар намуда, ба муваффақиятҳои бузургтаре ноил гардад.   Сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки тоҷикон миллати тамаддунофар ва фарҳангиву соҳибмаърифат мебошанд.

Нуктаи диграе, ки имрӯз Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ин изҳори боварӣ бар насли ҷавони кишвар буд, ки хеле хуб пазируфта шуд. Зеро мо ҷавонон пайваста талош менамоем, то дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин сухани Роҳбари давлатро бар худ шиор созему бар Ватани азизамон содиқона хизмат намоем.

Саидов М.

магистри ДКМТ