Ширкати омӯзгори донишкада дар семинари соҳибкорон

Раҳимов Ҳаётқул омӯзгори фаъоли донишкада дар семинари машваратӣ, ки баҳри татбиқи ихтироот дар истеҳсолот аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкорон гузаронида шуд, ширкат намуда, оид ба дастовардҳои олимони донишкада маърӯза намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар семинари мазкур мулоқоти ошкору озод ва баррасии масоили муҳим сурат гирифт.